Календар
«    Февраль 2021    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
АЗ БЕМОРИИ ЗАҲРОЛУДШАВӢ (БОТУЛИЗМ) ХУД ВА НАЗДИКОНРО ЭҲТИ
28-01-2021, 09:54 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Аз бемории Заҳролудшавӣ

(ботулизм) худ  ваназдиконро эҳтиёт намоед!

   Ботулизм бемориест, ки ба системаи асаб таъсири  манфӣ расонида, қобилияти биноӣ, нутқ, фурӯбарӣ ва дигар узвҳои нафаскаширо халалдор месозад.

   Маҳсулоти гӯштии сироятёфта низ метавонад сарчашмаи пайдоиши бемории ботулизм гардад.     Беш аз ҳама ботулизми ғизоӣ ҳангоми истеъмоли хӯришҳои консервашуда аз маҳсулоти сабзавотии туршиашон паст, аз қабили помидор, бодиринг, боимҷон, лаблабу, нахуди сабз ва занбурӯғҳо, ки нокифоя пухта ва тамиз карда намешаванд, мушоҳида мегардад.

   Хастагиву бемадорӣ, сарчархзанӣ, дилбеҳузурӣ, дарди сар, тирашавии пеши чашмон, хушкшавии даҳон, душворшавии фурӯбарӣ ва сухангӯӣ ва фалаҷшавии мушакҳо аз аломатҳои нахустин ва асосии ин беморӣ маҳсуб меёбанд.

   Мутаассифона, ҳамасола дар ҳудуди мамлакат ҳодисаҳои заҳролудшавии одамон аз маҳсулоти ғизоӣ, хоса аз маҳсулоти дар шароити хона консервашуда ба қайд гирифта мешаванд. Қабл аз ҳама занон, ки асосан ба коркарду тайёр намудани маҳсулоти консервашуда дар шароити хона машғул мешаванд, бояд аз тарзу усулҳо ва қоидаҳои одитарини коркарду тайёр намудани ин маҳсулот хабардор бошанд. Шарти асосӣ ва аввалиндараҷа ҳангоми кор бо маҳсулоти ғизоӣ пеш аз ҳама риоя намудани тозагӣ мебошад. Маҳсулоте, ки истифода мешаванд, бояд бо оби тоза дуруст шуста ва аз ҳар гуна ифлосиҳо пок карда шаванд. Баъдан онҳо бояд  коркард шуда, хуб пухта шаванд. Ҳама зарфҳои истифодашаванда низ бояд тоза нигоҳ дошта шуда, хуб тамиз карда шаванд. Маҳсулоти консервашуда бояд ҳатман дар ҷои хунук ва ҳавои муътадилдошта нигоҳдорӣ шаванд. Ҳангоми риоя нагардидани ҳамин қоидаҳо, ки дар назари аввал хеле одӣ менамоянд, хатари заҳролудшавии аҳли хонавода ва ҳамаи нафароне, ки аз чунин маҳсулоти ғизоӣ истифода менамоянд, ба миён меояд.

   Албатта, ҳама маҳсулоти ғизоӣ бояд ҳатман бо риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, қабл аз ҳама гигиенаи шахсӣ, дар шароити хона низ тартибу қоидаҳои нигоҳдории онҳо ҳатман риоя гарданд. Масалан, дар яхдон дар як ҷо нигоҳ  доштани гӯшту шир ва дигар маҳсулоти ғизоӣ мумкин нест. Ду омиле вуҷуд дорад, ки сатҳи афзоиши микробро дар таркиби маҳсулоти ғизоӣ паст мекунад, ки инҳо намак ва қанд мебошанд. Агар меъёри намак ва қанд зиёд шавад, афзоиши микроб кам мегардад. Ин аст, ки ҳодисаҳои заҳролудшавӣ аз маводи қаннодӣ камтар ба мушоҳида мерасад. 

Ҳама маҳсулоти ғизоие, ки барои истеъмол пешбинӣ мешаваду ба фурӯш бароварда мешавад, бояд ҳатман аз ташхиси марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ гузаронида шаванд. 

   Тибқи қонунгузории ҷорӣ кафолати бехатарии маҳсулотро худи истеҳсолкунанда медиҳад. Аммо вақте маҳсулот дар шароити хона тайёр карда мешавад, барои бехатарии он касе кафолат дода наметавонад. Аз ин рӯ, дар шароити кунунӣ, ки истифодаи ғизои солим аз муҳимтарин шартҳои тандурустии мардум ҳисобида мешавад, мутахассисон маҳсулоти дар шароити хона омодашударо ба навъи маҳсулоти носолим дохил намуда, риояи ҳатмии қоидаҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти онҳоро зарур мешуморанд. Ба ақидаи мутахассисон яке аз шартҳои одии риояи бехатарии ғизо ин аст, ки бояд корд ва дигар зарфҳои нигоҳдорандаи ҳар гуна маҳсулот алоҳида бошанд. Масалан, бо як корд дар як вақт реза кардани ҳам нон, ҳам гӯшт ва ҳам сабзавот қатъиян манъ аст. Шустани дастҳо бо собун аз шартҳои муҳимтарини бехатарии ғизо мебошад. 

   Ҳар яки моро мебояд,  ки ҳангоми истеъмоли чунин маҳсулоти ғизоӣ эҳтиёткор буда, дар мавриди пайдошавии аломатҳои нахустини беморӣ таъҷилан  ба  муассисаҳои тиббӣ  муроҷиатнамоем.


Д. ғафуров,

Н. қурбонов, 

Асозода С.А.

скачать dle 12.1
Просмотров: 26  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.