Календар
«    Февраль 2021    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
Даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид
20-02-2021, 16:24 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ


Даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ»

баргузор гардид

     Дар Қасри фарҳангӣ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанг, суннату анъанаҳои неки ниёгон ва арзишҳои миллӣ даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид.

   Таъкид гардид, ки ҳадафи Фестивали «Чакомаи гесӯ» тарғибу ташвиқи зебоипарастӣ миёни духтарону бонувон, ашъори баландмазмун бахшида ба ҳусну таровати рӯй, ҷозибаи гесӯ, сару либос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табиии ватанӣ дар парваришу нигоҳубини рӯй, мӯй, муҳофизати пӯсти дасту рӯй мебошад.

    Дар Фестивали мазкур намоиши парвариши мӯй, ороиши рӯй, ҳаракати мавзун, ҳунари волои машшотаҳо, тарбияи муоширати духтарон, тарғибу ташвиқ ва эҳёи анъанаву маросими миллӣ, аз қабили саршӯёну мӯйбофон бо ҷалби сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардида, ғолибон барои иштирок дар даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.


скачать dle 12.1
Просмотров: 8  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.