http://balkhi.tj/
СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ МУБОРАК!
24-08-2021, 15:54 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Маориф пояи илму маонист,

Чароғи раҳнамо дар зиндагонист

Ҳар он ки гом ба роҳи илм бинҳод,

Варо бар ҳақ, ҳаёти ҷовидонист.

      Инак боз соли нави таҳсил оғоз мегардад. Ҳама аҳли маорифчиёну омӯзгорон бо дилу дидаи гарм ва меҳру садоқати ватандорӣ ба кору фаъолияти хеш боз пайи таълиму тарбияи шогирдон суйи коргоҳ мешитобанд. Ҳар он чӣ дар ниҳод доранд, аз дарси «Сулҳ», яъне рӯзи 1-уми сентябр рӯзи «Дониш» сар карда, ба онҳо сабақ медиҳанд, то ки дар роҳи илму дониш, маърифати баланд ва хислатҳои шоиста роҳнамояшон бошанд.

     Маълум аст, ки тайи чанд сол боз рӯзи 1 – уми сентябр Пешвои муаззами миллат иқдоми хеле нишонрасро пеша карда, худ дарси «Сулҳ» - ро дар яке аз муассисаҳои олӣ ва ё миёнаи кишвар мегузаронад, ки он мустақиман аз шабакаҳои Телевизиони Тоҷикистон пахш мегардад.

     Ҳар як омӯзгор, падару модар ва хонанда аз тамошо ва панди падаронаи ӯ ба худ ғизои маънавӣ гирифта, нисбат ба Ватани озоду ободи Тоҷикистон муҳаббати афзун пайдо менамояд.

     Кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳия барои боз ҳам беҳтару бештар гардидани сифати таълиму тарбия омодааст, ҳар як омӯзгорро тавсияҳои намунавии методӣ пешкаш намояд ва дар роҳи расидан ба қуллаҳои баланди омӯзгорӣ дастгирию кумак карда тавонад .

      Рӯзи дуюми оғози соли нави таҳсил, санаи дуюми сентябр бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани 110-солагии адиби шинохта, устод Сотим Улуғзода, мақсад гузоштаем, ки конфронсҳои илмӣ-адабӣ оиди ҳаёту фаъолияташ дар муассисаҳои таълимӣ баргузор гардад ва ҳафтаи аввали таҳсил дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ ба эҷодиёти ин абармард бахшида шавад.

     Бояд зикр кард, ки нақши муассири фарзандони фарзонаи миллат дар роҳи ҳифзи таърихи гузашта хеле гаронарзиш аст.

      Устод Сотим Улуғзода низ аз шумори он фарзандон аст, ки мо метавонем аз мутолиаи асарҳои ӯ гуфтаҳои болоро тасдиқ намоем.

     Дар баробари ин мо ифтихор мекунем, ки нимаи аввали моҳи сентябр ҷашни бошукуҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишварро низ таҷлил менамоем. 

    Тоҷикистони азизи мо имрӯз ба чандин давлатҳои мутараққӣ муаррифӣ гардида, дӯстию ҳамраъйӣ дорад.

    Мо, маорифчиёну омӯзгорон аз неъмати истиқлол шукргузорӣ карда, кӯшиш менамоем, ки соли нави таҳсилро бо меҳру муҳаббати пок истиқбол намоем ва дар тарбияи насли имрӯз бо навҷӯиву навовариҳо нақши ҳамаҷониба гузошта тавонем.

Соли нави таҳсил муборак !

скачать dle 12.1
Просмотров: 39  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.