http://balkhi.tj/
ХИЗМАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН-НОМИ НЕК ГУЗОШТАН
2-09-2021, 05:23 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

      Рисолати ҳар як инсон дар зиндагӣ хизмат ба халқу Ватан ва аз худ номи нек гузоштан аст. Новобаста аз он, ки ӯ дар кадом соҳа ва дар кадом вазифа фаъолият мекунад, бояд вазифаашро бо дарки баланд ва содиқона ба ҷо орад. Ин ҷо дар бораи кору фаъолияти нафаре мехоҳем нақл кунем, ки дар давоми умри бобаракати худ тамоми кӯшишу ғайраташро барои дастгирии мардуми миёнаҳол ва хизмат ба халқу миллат сарф намудааст. 

     Комилов Бобоёр 86 сол дорад. Ӯ дар деҳаи Гагарини Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ умр ба сар мебарад. Амаки Бобоёр фаъолияти кориашро соли 1950 шурӯъ намуда, то соли 1960 ба ҳайси ронанда дар колхози пешина ба номи Ленин, ки дар Ҷамоати деҳоти Ҳалевард ҷойгир аст, оғоз намудаанд. Аз соли 1960 бошад то соли 1975 ҳамчун бригадири пешқадам дар ҳамин хоҷагӣ фаъолият кардааст. 

     Худи ҳамон сол то соли 1990 раиси маҳалаи Ленинро ба зимма дошт. Номбурда аз соли 1991 то инҷониб ба деҳқонӣ машғул мебошад. 

      Комилов Бобоёр соли 2019 дар деҳаи Гагарини Ҷамоати деҳоти Ҳалевард барои 18 оила оби ошомиданӣ аз масофаи 800 метр гузаронидааст, ки мардуми ин деҳа солҳои дароз аз надоштани оби нӯшокӣ танқисӣ доштанд. 

      Ӯ худи ҳамон сол дар даромадгоҳи ҳамон деҳа як купрӯки мошингузар, ки дарозиаш 5 метр ва паҳноиаш 4 метр мебошад, сохта барои рафту омади мардуми ҳамин деҳа ба истифода додааст. Амаки Бобоёр бо ҳамроҳии шахсони саховатпешаи деҳаи Гагарин Шарипов Саид, Шарипов Ҳалим, Икромов Бобоҷон, Идиев Маҳмадҷон, Ҳалимов Сидиқ, Маҳмудҷонов Раҳмиддин ба Ҳомидов Сунаттуло, ки хонаву ҷойи истиқоматии доимӣ надошт, дар ҳамин деҳаи Гагарин як хона барои истиқомат сохта ӯро бо хонаву замини худ таъмин намуданд. 

       Комилов Бобоёр ният дорад соли оянда бо ҳамроҳии фарзандонаш, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд ба бист оилаи дигар, ки дар ҳамин деҳа зиндагӣ мекунанд аз оби нушокӣ танқисӣ доранд, аз масофаи ҳазор метр насоси обкашӣ монда онҳоро бо оби ошомиданӣ таъмин намояд. 

       Ин амалҳои хайру савоби амаки Бобоёр хушнудиву хушҳолии сокинони ин деҳа мебошад. 

       Худи ӯ қайд медорад, ки ман имрӯз шукронаи тинҷию осоиштагӣ ва сарҷамъиву муттаҳидии миллатамон мекунам, ки дар давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар зери сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умр ба сар мебарем.

       Зимнан гуфтан лозим аст, ки роҳандозӣ намудани чунин амал сазовори дастгирист ва ҳар як сокини ноҳияро мебояд дар пайравӣ аз чунин мардони хайрандешу ободкор ба амали хайре ба нафъи ин диёр камари ҳиммат банданд.

Абдусаид Гулов 

скачать dle 12.1
Просмотров: 44  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.