http://balkhi.tj/
«Роҳ ва усулҳои пешгирӣ аз таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризм ва экстремизм миёни ҷавонон»
18-04-2020, 18:28 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

«Роҳ ва усулҳои пешгирӣ аз таҳдидҳои замони муосир, бахусус  терроризм ва экстремизм миёни ҷавонон»

      Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои худро бар зидди хатарҳои замони имруз ҳамчун шарики табии тамоми давлатҳои дунё ҳадафмандона амалӣ намуда, б доир кардани ҳамоишҳои сатҳи баланд омодагии худро ҷиҳати тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳо ва муборизаи самарабахш дар ин арса ифода менамояд

         Қабул ва тадбиқи як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла соли 1999 Қонуни ҶТ Дар бораи мубориза бар зидди терроризм  ва соли 2003 Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм  қабул карда шуда, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи ягонаи ҶТ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм» аз соли 2006 тасдиқ карда шудааст, ки ин тадбирҳои пешгирӣ ҷиҳати ошкору тафтиши ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм боназардошти вазъи тағирёбандаи ҷамъиятиву сиёсии кишвар мусоидат хоҳанд кард.

         Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 26-декабри соли 2019 дар мавриди афзоиши хатари терроризм ва экстремизм чунин таъкид намуданд, ки «Авзои сиёсии сайёра ҳоло бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии  ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст. Кушишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархурди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд ва имруз баъзе сисёсатмадорону коршиносон ҳатто доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд.

         Раванди номатлуби ба гуруҳҳои номатлуби иҷтимоӣ пайвастани ҷавонон дар тамоми сайёра, аз ҷумла кишвари мо аз он шаҳодат медиҳад, ки пайравони гуруҳҳои террористӣ роҳҳои нисбатан осон ва пуртаъсири таблиғу тарғиби ақидаҳои ифротиро ба роҳ монда, ҳамчун вабои аср ба амнияту давлати кишвар хатар эҷод мекунанд. Вале мушкилоти асосии ҷавонони мо ин огоҳ набудан аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ ба шумор рафта, ба он натиҷагирӣ мешавад, ки бархе аз ҷавонони ноогоҳ дар мақсадҳои ғаразнок ва зиддидавлатию зиддимилии гуруҳҳои террористӣ шарик мешаванд. Вале «Дар тулии таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан-модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад».

         Даркиин нуқта зарур аст, ки идеалогияи ифротгароёни динӣ пеш аз ҳама бар зидди идеологияи миллии мо, истиқлолияти давлат, аз ҷумла ҳар як нафари мо равона гардидааст. Бар муқобили он имруз зарур аст, ки идеяҳои сатҳи баланд матраҳ шуда, мавриди амал қарор бигиранд. Зеро ҳалли низомии ин масъала ҳануз хеле нокифоя мебошад.

         Имруз Ҳукумати кишвар дар доираи амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагиро ба ҳар як шаҳрванди кишвар аз ҷумла ҷавонон кафолат додаст, ки яке аз сабабҳои паст гардидани сатҳи муҳоҷират ин падидаи хатарзо хоҳад буд. Вале дар ин баробар тарғиби идеяҳои миллӣ, дарк  ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ бояд маҳаки асосии мафкураи миллии ҷавонони мо бошанд. Зеро дар вазъияти ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, пурмасъул, бомуваффақият, ки манфиатҳои милливу давлатиро аз манфиатҳои фардболо мегузорад, хеле муҳим аст.

         Ҳамзамон баланд бардоштани таъсири шуури иҷтимоии зиёиёни пешқадам, ки дар бедор кардани завқи ҷавонон ба хондани асарҳои бадеӣ заминаи фаъол буда метавонанд, омода кардани суханварони ҷавон, ки идеалогияи миллиро дар шакли афкори ватанпарастӣ миёни ҷавонон тарғиб менамояд, ба мақсад мувофиқ аст.

         Зери назари насли калонсол қарор доштани зиракии сиёсии ҷавонон, назорати қатъии истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи волидайн, робитаи мустаҳками мактаб ва оила, ҷалби наврасони соҳибзавқ ба маҳфилҳои фаннию ихтирокорӣ, таваҷҷуҳ ба масъалаи илмомузии ҷавонону наврасони деҳоти дурдаст ва фароҳам овардани шароити таҳсилу фароғати онҳо корбарии ҳамарузаро тақозо менамояд.

         Татбиқи босамари Қонуни ҶТ «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз насли калонсол тақозо менамояд, ки ҳисси дуст доштани ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатӣ, ҳимояи марзу буми ватани азизамонро дар саргаҳи андешаҳои тафаккури миллии фарзандон қарор дода, бо истифодаи нақши зан вам одари босавод дар тарбияи насли худогоҳу хештаншинос масъулияти худро иҷро намоянд.

         Сиёсати муваффақи  Тоҷикистон имруз роҳу усулҳои муосири муборизаи дастаҷаъмонаро бар зидди ин зуҳуроти манфӣ ва мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ тақозоменамояд.

         Аз ин ру, ҳамаи мо вазифадорем, ки худамон пеш аз ҳама намунаи ибрат бошем, насли ҷавону созандаро тарбия карда, ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат бигирем ва бо даст удили пок дар сафи пеши амалӣ намудани сиёсати устувори давлат қарор бигирем. Итминони комил дорем, ки ҷавонони соҳибиродаву ҳушманди мо рисолати ватандустии худро амиқан дарк намуда, бо пайравӣ Пешвои мазами худ ҳимояи манофеи давлатиро дар солҳои ояндаи давлатдорӣ низ ҳифз хоҳанд кард.

          А. Абдусаломзода 

Муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ      


скачать dle 12.1
Просмотров: 100  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.