ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

   Санаи 22 марти соли 2023 дар Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Икромӣ Сироҷиддин Салом, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Холов Гулмаҳмад, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ноҳия Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳи хос таҷлил карда шуд. Дар ҷашнвораи наврӯзӣ сокинон ва ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия фаъолона иштирок намуда, номгӯи ҳунарҳои мардумии хешро, ки маҳсули меҳнату заҳмати онҳо мебошад, ба марази тамошо гузошта буданд.

   ИҚДОМИ НЕК ДАР АРАФАИ ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ      

  Санаи 21 марти соли 2023 дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз ба Дидбонгоҳи сарҳадии Калъаи Файзободи Қисми ҳарбии 0306 РҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маводҳои хӯрока кӯмак расонида, ба сарбозони дидбонгоҳи мазкур дастархони идона ороста шуд.

 

 ТАҶЛИЛИБОШУКӮҲИРӮЗИМОДАРДАРНОҲИЯИҶАЛОЛИДДИНИ  БАЛХӢ

   Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола бо фарорасии фасли зебои баҳор 8 март ҳамчун Рӯзи Модар дар саросари кишвари азизамон бо шаҳомати хосае таҷлил мегардад. Воқеан ба оғози фасли баҳор рост омадани ин иди бонувон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат, сарсабзию таровати онро дучанд меафзояд. Зан- Модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонадон аст. Ба ин муносибат, яъне Рӯзи модар имрӯз 2 марти соли 2023 дар толори Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. 

                                    ИТТИЛОИЯ оид ба баргузории иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси                                            вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, даъвати шашум.           

    Санаи 24 феврали соли 2023 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардида, дар он масъалаҳои ташкилӣ ва номгузории воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла бо қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ваколати вакилон аз ҳавзаи интихоботии Ҷамоати деҳоти Навобод №29 Холмурод Раҳмон, Ҷамоати деҳоти Ҳалевард №13 Наҷмидинов Валӣ Пирович ва Ҷамоати деҳоти Ҳалевард №10 Воҳидова Фирӯза Абдулхолиқовна тасдиқ карда шуданд. Ҳамчунин масъалаи иваз намудани номҳои воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳия мавриди баррасӣ гардида, қарор қабул карда шуд.

                                            АРТИШИ МИЛЛӢ-СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

   Бо фарорасии 23-уми феврал аз санаи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад. Дар муддати сӣ сол Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини сулҳи сартосарии кишвар басо назаррас аст. Ин қувваи бузурги миллӣ доимо паи таъмини сулҳу субот ва амнияти ватани зебою аҷдодиямон, Тоҷикистони соҳибистиқлол камари ҳиммат баста, сабаби ҳаёти озоду хушбахтонаи мо ҳастанд. Мо шабона агар осуда мехобем, ин қувваи бузург пуштибони мо, мо агар аз фазои сулҳ нафас мекашем, ин хизмати Артиши миллии кишвар аст. 

    ҚАДРШИНОСӢ Дар арафаи Рӯзи Артиши миллӣ Холиқзода Рустам-муовини якуми раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мувофиқи фармоиши вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали ҷашнии "30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардонида шуд. Муборак бошад!

  

                      30 – юмин  солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Бояд гуфт, ки зистан дар фазои  сулҳу оромӣ, ва тарбият кардани насли ояндасози ватану миллат  инчунин ноил гаштан ба ҳадафҳои нек Қувваҳои Мусаллаҳ,  сипарони Ватан  нақши муҳимро мебозад.

   Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Раиси Шӯрои Оллии мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин, сипарони ватан шурӯъ карданд ба таъсисдиҳи Қувваҳои Мусаллаҳи худ. Ёдовар аз он  дорем, ки он замон барои таъсисдиҳи Қувваҳои Мусаллаҳ, заминаи моддиву техникӣ мерос қариб ки намонда буд ва Қувваҳои Мусаллаҳ дар замоне таъсис ёфт, ки дар Ҷумҳурӣ нооромиҳои дохилӣ ба миён омада будаанд. Бо вуҷуди ин ҳама камбудиҳову норасогиҳо бо иштироки Ватанпарварон ва фаъолони  мо санаи 23 феврали соли 1993 дар майдони “Дӯстӣ” – и пойтахти мамлакатамон шаҳри Душанбе  нахустин Паради ҷузъу томҳои гарнизони баргузор гардида, он рӯз расман таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ эълон гардид.

   Воқеан ҳам, ин буд, ки бо дастгирии роҳбари ғамхори давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳимоятгарони марзу буми меҳанамон  имрӯз 30 – юмин  солгарди Қуввваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон -  ро бо ифтихор ва қаноатмандонӣ ҷашн мегирем.  

   Мақсади таъсисидиҳии Қувваҳои Мусаллаҳ ин ташкили қувваҳои ҳарбиест, ки қобилияти таъмини Истиқлолият, эмин доштани порчаи хоки Ватан, барқарор намудани  сохти конститутсионӣ ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Воқеан Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар  тули 30 сол имтиҳонҳои сангинро сарбаландона гузашта, дар ин мудат ба як сохтори боэътимод табдил ёфт. Ва мо имрӯз фахр дошта бо  эътимоди комил метавонем гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон, афсарону сарбозони Ватан, инчунин ҷавонони сиёсатмадорони мо дар оянда низ камари ҳиммат баста, хизмати ҳарбӣро содиқона адо намуда марзу бум, арзишҳои миллию фарҳангӣ ва амнияти давлатро чун сипар метавонад ҳимоя кард.   

   Зухро Атабаева: Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо    

                            ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

                                                                                           

 

 

            ЧАНД АНДЕША ОИДИ НИГОШТАҲОИ ПРОФЕССОР С. ЯТИМОВ ДАР МАВЗУИ «ТАВОНО БУВАД,  ҲАР КӢ ДОНО БУВАД»

          Баъд аз нашр шудани андешаҳои ин шахсияти сиёсатшинос дар маҷаллаи «Илм ва ҷомеа» таҳти унвони «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» барои ҳар як ватандори асил аён мегардад, ки ворисони матиниродаи мо дар рушди давлатдорӣ кам нестанд. Маҳз ин ҷонибдориҳои устод ва муҳақиқи шинохта дар доираи Паёми Пешвои миллат бояд ҳар як соҳибватани тоҷикро ва Тоҷикистонро ба таҳлилу баррасии андешаҳо водор намояд. Сароғоз аз муқаддима ва ҳафт зермавзӯъҳою хулосаи нашршуда мутолиа намуда тасмим гирифтем, ки бардошти худро нисбат ба таҳқиқи ин олими шинохта баён намоем. Дар ҳақиқат, ӯ исбот намудааст,ки Паёми Роҳбари давлат, ки тайи чанд сол рӯйи кор аст- маҷмўи таҳлил, арзёбӣ, як навъ ҳисобот, инчунин натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумат ва дар ин асос, ироаи тасмимҳои сиёсӣ, иқтисодӣ иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва нақшаҳои ҳаётан муҳимми мақомоти олии мамлакат мебошад. 

   Суратгузориш аз рафти маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи вакили Маҷлиси вакили халқи вилояти Хатлон дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ. 19.02.2023

                          КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯ

  Санаи 18 феврали соли ҷорӣ ҳайати кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳудуди корхона корҳои шанбегӣ баргузор намуда,  заминҳои назди биноро барои шинонидани гулҳои мавсимӣ омода намуданд. Бояд тазаккур дод, ки дар асоси дастуру супоришҳои  Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холмурод Раҳмон ҳар хафта рӯзҳои шанбе дар ҳудуди ташкилоту муассисаҳои ноҳия корҳои ободонӣ баргузор мегардад.

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июль 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031