ВОХӮРИИ СУДБАХШ БАРГУЗОР ГАРДИД
Санаи 4 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи саноату сохтмон Эшбуризода Баҳриддин, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Бобохонзода Рустам, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва имомхатибон вохӯрии судбахш баргузор гардид. Дар оғоз роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Бобохонзода Рустам оид ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд намуд, ки 28 декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд. Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, ки ба 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон кишвари ҳуқуқбунёд буда, ҳадафи аслии давлат ва Ҳукумати кишвар таъмини ҳаматарафаи ҳуқуқи шаҳрвандон ва бунёди ҷомеаи қонунсолор мебошад.