ВОХӮРИИ СУДБАХШ БАРГУЗОР ГАРДИД

   Санаи 4 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи саноату сохтмон Эшбуризода Баҳриддин, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Бобохонзода Рустам, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва имомхатибон вохӯрии судбахш баргузор гардид. Дар оғоз роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Бобохонзода Рустам оид ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд намуд, ки 28 декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд. Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, ки ба 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон кишвари ҳуқуқбунёд буда, ҳадафи аслии давлат ва Ҳукумати кишвар таъмини ҳаматарафаи ҳуқуқи шаҳрвандон ва бунёди ҷомеаи қонунсолор мебошад. 

                                                                        ИТТИЛОИЯ

    оид ба баргузории иҷлосияи бисту сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, даъвати шашум. Имрӯз, 25 июн дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷлосияи бисту сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, даъвати шашум аз рӯи масъалаҳои зерин баргузор гардид; -Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 14 апрели соли 2023, №122 “Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 27 январи соли 2023, №24 “Дар бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2022, №579 “Дар бораи Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”. - Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №10 Ҷамоати деҳоти Ҳалевард Воҳидова Фирӯза Абдухолиқовна дар давоми соли 2023 ва шаш моҳи соли 2024. - Масъалаҳои ҷорӣ. Масъалаҳои болозикр аз тарафи вакилони халқ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

 

                                                                             СУРАТГУЗОРИШ

    Санаи 28 майи соли 2024 дар Рӯзи таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Дидбонгоҳи сарҳадии Қисми ҳарбии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар "Дашти Хуршед"-и ноҳияи Панҷ маводҳои хӯрока ва дигар ашёи рӯзгор кумак расонида, ба сарбозони дидбонгоҳи мазкур дастархони идона ороста шуд.

  

 МУҚОВИМАТ БО ФАСОД Ё ХУД КОРРУПСИЯ - АМАЛИ ДАСТАҶАМЪОНА

    Рӯзи 20 майи соли равон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сармутахассисони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҷаласаи ғайринавбатӣ оид ба коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионидошта баргузор гардид. Муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ зимни маърузаи худ зикр намуд, ки коррупсия барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, субботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад.

  • МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН
  •  
  •  
  • 1.     Муовини сардори раёсати кишоварзии маќомоти иҷроияи ҳокимияти
  • давлатии ноҳия – 1 ҷой;
  • Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
  •  -тањсилоти олӣ (ба таҳсилоти олии кишоварзӣ бартарӣ дода мешавад);
  • -2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиќаи умумии меҳнатӣ;
  •  -донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансабии мутахассисро ба танзим медароранд.
  • Маоши мансабӣ 2006,65 сомонӣ (тибқи ҷадвали ягонаи тарифӣ)
  •  
  • 2.     Сармутахассис - ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳия – 1 ҷой;
  •  
  • Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
  •  -таҳсилоти олӣ (ба таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ бартарӣ дода мешавад);
  • - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣаз рўи ихтисос;
  •  -донистани таърих, фарњанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансабии мутахассисро ба танзим медароранд.
  • Маоши мансабӣ 1059,20 сомонӣ (тибқи ҷадвали ягонаи тарифӣ)
  •  
  • 3.     Сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти
  • давлатии ноҳия – 1 ҷой;
  •      Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
  •  -таҳсилоти олӣ(ба таҳсилоти олии омўзгорӣ бартарӣ дода мешавад);
  • - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рўи ихтисос;
  •  -донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иљрои уњдадории мансабии мутахассисро ба танзим медароранд.
  • Маоши мансабӣ1059,20 сомонӣ(тибқи ҷадвали ягонаи тарифӣ)
  •  
  • 4.     Сармутахассис – сариқтисодчии раёсати кишоварзии мақомоти
  • иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия;

ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

    Санаи 26 апрели соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти Раёсати прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 2 Собирзода И.М ҷаласаи васеъи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия доир гардид. Дар ҷаласа аъзоёни Шўро – роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини раиси ноҳия, масъулини Раёсати минтақавии хадамоти давлатии назорат ва низом дар соҳаи нақлиёти минтақаи Бохтар, сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, терминалҳои мусофиркашонӣ, ронандагони мусофиркаш ва дигар шахсони дар масъалаи баррасишаванда дахлдор ширкат варзиданд. Дар кори ҷаласа ҳолати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳаракат дар роҳ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа дар ин замина ба сабабу шаротҳои содиршавии садамаҳои нақлиётӣ дар давоми соли 2023, бахусус садамаҳои марговар дар ҳудуди ноҳия ва чораҳои андешидашуда дар ин самт мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 

СОЛИ 2024 - ҲАМЧУН «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ»

          Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои муштараки сохторҳои дахлдори вилояти Хатлон аз 20 марти соли ҷорӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волояти қонун ва дастрасӣ ба адолат, оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 5 апрели соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, намояндаи Суди вилояти Хатлон Мирзозода Неъмат, намояндаи прокуратураи вилояти Хатлон Самизода Суҳроб, намояндаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Обидзода Юсуф, намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон Қурбонзода Манучеҳр, намояндаи Раёсати адлия дар вилояти Хатлон Эшпулотов Бахтиёр ва намояндаи шуъбаи дин, танзим, анъана ва ҷашну маросими вилояти Хатлон Сафаров Умар иштирок намуданд. Баромадкунандагон доир ба эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ ва шарҳу тавзеҳоти Паёми Пешвои муаззами миллат суханронӣ намуда, қайд карданд, ки фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 аз 30 декабри соли 2023 №668 ба имзо расид. Мақсад аз ба тасвиб расидани фармони мазкур, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волояти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ ва ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

ИҶЛОСИЯИ БИСТУДУЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

    Санаи 28 марти соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи бистудуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, даъвати шашум таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакили халқи ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Қурбонзода Қурбон, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, имомхатибон ва раисони кумитаи маҳалла баргузор гардид. Дар иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд: 1. Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 15 июли соли 2021, №877 "Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 феврали соли 2021, №25" Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, №570 "Дар бораи Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025"; 2.Ахбороти прокурори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ "Оид ба таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дигар қонунвайронкунио" дар давраи соли 2023; 3. Масъалаҳои ҷорӣ. Ҳамаи масъалаҳои ба рӯзномаи иҷлосияи бистудуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, даъвати шашум пешниҳодшуда пурра баррасӣ гардида, аз рӯйи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

ТАҶЛИЛИ 29-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

     Санаи 2 ноябри соли 2023 дар Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба таҷлили 29-умин солгарди “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар чорабинӣ раиси ноҳия бо сухани табрикотӣ баромад карда, ҳозирин ва дар симои онҳо кулли мардуми ноҳияро бо камоли эҳтиром ва таманниёти нек ба ифтихори ин ҷашни фархундаи таърихӣ табрику муборакбод гуфта, сиҳатмандиву хушбахтӣ, осудагии рӯзгор ва сарбаландиву барори кор таманно намуданд. Қайд гардид, ки воқеияти бебаҳс аст, ки сарнавишти муосири халқи тоҷик, ибтидои давлатсозиву давлатдории навин, пешрафту рушди Тоҷикистони маҳбуб ва болоравии мақоми он дар арсаи ҷаҳонӣ аз Истиқлолияту соҳибихтиёрии Ватани азизамон ва қабули ин санади тақдирсози миллат сарчашма мегирад. Зеро Конститутсияи мо худ маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад ва ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намудааст. 

ХИЗМАТ БА ВАТАН - ҚАРЗИ ҲАР ИНСОНИ ВАТАНДОР

         Ватанпарастӣ яке аз рукнҳои муқаддас буда, арзиши муҳими худро дорад. Тарбияи ватанпарастӣ аз оила, боғча ва баъдан аз муассисаи таълимӣ оғоз меёбад. Мо бояд кӯшиш намоем, ки дар дили фарзандонамон ҳисси ватандорӣ, расидан ба қадри сулҳу оромӣ, арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ҳимояи таърихи бойи аз гузаштагони худ меросмондаро парвариш намоем. Агар мо ба гузашта назар афканем, бо ҳамон шахсоне, ки сарбаландона аз хизмат баргаштаанд, аз он нафароне, ки хизмати хешро ба ҷо наовардаанд, албатта куллан фарқ доранд. Ватандӯстоне, ки хизмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд, муносибат, муомила ва назари онҳо тағир ёфта, дар зиндагӣ ин гуна ҷавонон ботаҳаммул, масъул дар оила ва наҷотбахши мушкилотњои пешомадаи њаёт мешаванд. Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ки “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд мебошад”. Имрӯз мебояд шукр аз он кунем, ки дар чунин давлати осоишта, дорандаи сулҳи пойдор ва биҳиштосо умр ба сар бурда истодаем. Мо набояд ин ҳама неъматҳоро нодида гузарем ва ҳар як инсон бояд аз таърихи гузаштагони худ ҳамеша ёдовар шавад.

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 

Серхонанда