БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА ОИД БА МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ      

    Имрӯз, 3 июн дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Алиҷон Абдуҷалол, раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷаласа оид ба мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилоят, ки санаи 25 майи соли 2024 дар деҳаи Чорсадаи Ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара доир гардида буд, баргузор гардид.

                                                                  ИСТИҚБОЛИ ҒОЛИБОН

    Аз санаи 26 май то 1 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни "Чароғаки роҳнамо" баргузор гардид, ки дар он дастаи "Нурафшон" - хонандагони гимназияи № 1-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сазовори ҷои сеюм гардиданд. Санаи 2 июни соли ҷорӣ ғолибонро дар ноҳия бо гулу гулдаста истиқбол намуданд. 

 

 

ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

         Санаи 1 июни соли 2024 дар толори Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо иштироки раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо, раисону кормандони ҷамоатҳо, директорҳои муассисаҳои таълимӣ, мудирон, мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ, хонандагон ва тарбиятгирандагони фаъол чорабинии идона баргузор гардид. Дар оғоз роҳбариати ноҳия аз дастовардҳо ва ҳунарҳои дастии муасссисаҳои томактабии ноҳия, ки ба марази тамошо гузошта шуда буд, дидан намуданд. 

«МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ - ПАДИДАИ НОДИР ВА БЕБАҲО» Таҳти ин унвон санаи 30 майи соли 2024

       Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, ректори Донишкадаи такмили ихтисоси вазорати адлия Собирзода Исфандиёр Салом, устоди Донишкадаи такмили ихтисоси вазорати адлия Иброҳимзода Толибҷон, кормандони Донишкадаи такмили ихтисоси вазорати адлия Дустов Каромиддин, Ҳасанзода Саломиддин, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, имомхатибон ва раисони маҳалла вохӯрӣ баргузор гардид. Мақсад аз вохӯрӣ оид ба эълон гардидани соли 2024 - «Соли маърифати ҳуқуқӣ», баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, огоҳ намудан аз хавфу хатари шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои характери экстремистӣ-террористидошта унвон карда шуда, зикр гардид, ки дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои характери экстремистӣ - террористидошта бетараф набошанд.

                                                     БОЗ ЯК МУВАФФАҚИЯТ

          Рӯзҳои 29-30-уми майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Темурмалик озмуни даври вилоятии "Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2024" баргузор гардид, ки дар он хушбахтона директор - омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Зебунисо Қосимова бо нишон додани маҳорату малакаи баланди касбӣ сазовори ҷои аввал гардида, бо гирифтани Ифтихорнома ва туҳфаи хотиравӣ ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳхат гирифт. Умедворем, ки Зебунисо Қосимова дар даври ҷумҳуриявӣ низ муваффақ шуда, яке аз номбардорони вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мегардад.

 

 ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ" ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

    Бо мақсади иҷрои самарабахши қарори раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 22 январи соли 2024 №44, оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 январи соли 2024 №1, оид ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз январи соли 2024 №АП-481, «Дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат» ҳамзамон амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф солҳои 2020-2040» ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсияи ихтироъкоӣӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишуён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар соли 2024 рӯзҳои 14 -15 майи соли равон даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» баргузор гардид. 

                                       ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

     Дар толори Қасри фарҳангии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санаи 21 майи соли 2024 бо иштироки раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва наврасону ҷавонон чорабинии идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло насли ҷавонро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният намуда, қайд намуд, ки насли ҷавон ҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олии мо имрӯзҳо бо азму иродаи қавӣ ба хотири пешрафти ояндаи Ватани маҳбубамон саъю талош карда, дар бештари соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Аксари ҷавонони бонангу номуси ноҳия дар пайи таҳсил, интихоби касб ва аз худ кардани техникаву технологияҳои муосир талош намуда, дар дохилу хориҷи мамлакат илму донишҳои муосир ва барои кишвару ноҳияаамон заруриро аз бар карда истодаанд. Гуфта шуд, ки қисме аз ҷавонон бо азму иродаи матин дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва сохтмонҳои бузурги кишвар заҳмат мекашанд, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла дар ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини амнияту оромии давлат ва ҷомеа қарор доранд ва иддае Парчами Тоҷикистони азизро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баланд мебардоранд. 

 МУҚОВИМАТ БО ФАСОД Ё ХУД КОРРУПСИЯ - АМАЛИ ДАСТАҶАМЪОНА

    Рӯзи 20 майи соли равон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сармутахассисони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҷаласаи ғайринавбатӣ оид ба коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионидошта баргузор гардид. Муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ зимни маърузаи худ зикр намуд, ки коррупсия барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, субботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад.

 БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

    Рӯзҳои 13 - 14 майи соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Тутинисо Юсупова, муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо, шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аъзо ва ҷамъи довталабони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида шуд. Озмун аз рӯйи шаш номинатсия - «Адабиёти кӯдакону наврасон», «Адабиёти муосир», «Адабиёти классик», «Адабиёти ҷаҳон», «Эҷоди назм», ва «Эҷоди наср» баргузор гардид. Дар озмун 450 нафар довталаб, аз ҷумла 342 нафар духтарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 2 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, дар доираи талаботи тартиби озмун бобати аз худ намудани осори манзум ва мутолиаи китобҳо ва ғайра малака ва истеъдоди худро нишон доданд.

  Даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» миёни хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия ҷамъбаст гардида, 41 нафар довталабон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

 

 ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

      Санаи 15 майи соли 2024 зимни сафари кории раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Насриддинзода Рамазон ба ноҳияҳои минтақаи Хатлон бо гирандагони стипендияи Президентӣ аз ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хусрав бо мақсади қадршиносии барандагони озмуни Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақша - чорабиниҳои Моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” ҳамоиш доир гардид. 

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30