"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"

         Санаи 18 майи соли 2023 дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо таҳти унвони “Шабе дар осорхона” баргузор гардид. Дар ин рӯз меҳмонон ва сокинони ноҳия ба тариқи ройгон аз нигораҳои таърихии Осорхонаи мазкур дидан намуданд. "Навиди Балх"

 

ФИЛМИ МУСТАНАД «МАВЛОНО НОБИҒАИ МАШРИҚЗАМИН»

   Санаи 28 сентябри соли 2022 Муассисаи давлатии телевизиони "Синамо" дар Хона-музейи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ филми мустанади «Мавлоно нобиғаи машриқзамин» бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ наворбардорӣ карда шуд. Бояд гуфт, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз бузургтарин чеҳраҳои миллати тоҷик аст, ки бо назарияи эъҷозу эҷодаш дар асри Xlll ба адабиёти тоҷику форс такони бузург бахшидааст. Ҳамин аст, ки имрӯз ӯро ҷаҳониён дар тасаввуф ва ирфон муқаддам медонанд. Дар ин филми мустанад иштирок намудаанд кормандони Муассисаи давлатии телевизони "Синамо", муаллиф ва барандаи филм Далер Ҳасанзода ва режиссёр Асҳобиддин Низомов.

 

 

     Ташрифи меҳмонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ   Ҳайати   меҳмонон   бо   роҳбарии  раиси  вилояти   Сухандарёи  Ҷумҳурии Ӯзбекистон Тӯра   Боболов дар идомаи  сафари корӣ  ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварда, аз   корхонаи  сементбарории ҶДММ  "Моҳир Семент"  боздид  намуданд.  Меҳмононро   раиси вилояти  Хатлон муҳтарам  Қурбон  Ҳакимзода  ва  раиси ноҳия Убайдуллои   Файзулло  ҳамроҳӣ намуданд.

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30