1 АПРЕЛ - ОҒОЗИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ!

    Тавре маълум аст, ҳамасола дар саросари кишварамон -Тоҷикистони азиз шурӯъ аз 1 апрел мавсими даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ оғоз мегардад. Бо ин мақсад, дар рӯзи аввали мавсими даъвати баҳорӣ аз маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷавонони даъватшуда дар даст шиор ва Парчами миллӣ то назди Маҷмааи варзишии Исмоили Сомонӣ роҳпаймоӣ намуданд. Дар оғози ҳамоиш раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло ба сохторҳои марбутаи давлатӣ, комиссияҳои даъватӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва волидоне, ки фарзандонашон довталабона хизмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро ихтиёр намуданд, изҳори сипос намуд. Қайд гардид, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии маишиву моддӣ муҳайё шуда, дар ҳамаи воҳидҳои низомӣ имрӯз афсарони касбии ботаҷриба ҷиҳати баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар менамоянд.

ИТТИЛОИЯ Санаи 26 декабри соли 2023  дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, даъвати шашум баргузор гардид.

     Иҷлосия аз рӯйи масалаҳои зерин: -Ҳисоботи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар соли 2023; -Дар бораи иҷрои буҷети ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар соли 2022 ва тасдиқи буҷети ноҳия барои соли 2024; -Дар бораи тасдиқи нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои соли 2024 ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ карда шуд.

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30