НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Материалы за Октябрь 2023 года » Страница 2

ХИЗМАТ БА ВАТАН - ҚАРЗИ ҲАР ИНСОНИ ВАТАНДОР

         Ватанпарастӣ яке аз рукнҳои муқаддас буда, арзиши муҳими худро дорад. Тарбияи ватанпарастӣ аз оила, боғча ва баъдан аз муассисаи таълимӣ оғоз меёбад. Мо бояд кӯшиш намоем, ки дар дили фарзандонамон ҳисси ватандорӣ, расидан ба қадри сулҳу оромӣ, арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ҳимояи таърихи бойи аз гузаштагони худ меросмондаро парвариш намоем. Агар мо ба гузашта назар афканем, бо ҳамон шахсоне, ки сарбаландона аз хизмат баргаштаанд, аз он нафароне, ки хизмати хешро ба ҷо наовардаанд, албатта куллан фарқ доранд. Ватандӯстоне, ки хизмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд, муносибат, муомила ва назари онҳо тағир ёфта, дар зиндагӣ ин гуна ҷавонон ботаҳаммул, масъул дар оила ва наҷотбахши мушкилотњои пешомадаи њаёт мешаванд. Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ки “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд мебошад”. Имрӯз мебояд шукр аз он кунем, ки дар чунин давлати осоишта, дорандаи сулҳи пойдор ва биҳиштосо умр ба сар бурда истодаем. Мо набояд ин ҳама неъматҳоро нодида гузарем ва ҳар як инсон бояд аз таърихи гузаштагони худ ҳамеша ёдовар шавад.

САНГАЛИЗОДА ҚУМРИНИССО ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ЭЪТИРОФ ГАРДИД

           Санаи 29 сентябри соли 2023 зимни баргузории иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даъвати шашум ваколати вакилии Сангализода Қумриниссо-муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ эътироф гардид. Ба Сангализода Қумриниссо дар иҷрои масъулияти нав барору пирӯзиҳо таманно намуда, итминон дорем, ки таҷрибаи касбӣ, нерӯ, истеъдоди роҳбарӣ ва маҳорати ташкилотчигии ӯ имкон медиҳад, ки дар ин самти масъулиятнок низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Октябрь 2023    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031