БИНОИ БАЛАНДОШЁНА - ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ
Дар доираи нақшаи омодагиҳо бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бунёди иншоотҳои таъиноташон гуногун идома дорад.
ТАШАББУСИ СОЗАНДАИ СОҲИБКОР
Хурсандибахш аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври бесобиқа ба рушди соҳаи нақлиёту роҳсозӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Қабул гардидани яке аз чор ҳадафи стратегии мамлакат -“Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон” шаҳодати ин гуфтаҳост.
ВОХӮРӢ СУДБАХШ БО ВОЛИДАЙНИ ХОНАНДАГОН
Санаи 18 ноябри соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, котиби мақомоти васояту парастории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндаи шуъбаи маориф, омӯзгорон ва волидайни хонандагон вохӯрӣ оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, таҳкими ҳамкории падару модарон бо соҳаи маориф, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пешгирии аз таҳсил дур мондани хонандагон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терроризму экстремизм ва пӯшидани либоси ба фарҳанги мо бегона доир гардид.
Ковишҳои бостоншиносӣ дар Қалъаи «Ҳалевард»
Кофир Қалъа - «Ҳалевард» дар асрҳои 1-3 сохта шуда то асри 8 мавқеият доштааст. Таърихшиносон бар он назаранд, ки дар асрҳои миёна ин Қалъа маркази маъмурии минтақаи Вахш ба шумор мерафт ва дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номҳои Ҳалевард, Ҳеловард, Ҳалавард ва Ҳаловард ёд гардидааст. Яъне, Ҳале – бузург ва вард-шаҳр маънои Бузургшаҳрро дорад.
КОНФЕРЕНСИЯ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ
Рўзи 16 ноябри соли равон дар Қасрифарҳанги Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилоту муассисаҳо конференсия таҳти унвони «Президенти мо-ифтихори мо» бахшида ба РӯзиПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон доир гардид.