ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯРО ДОИР НАМУД
Санаи 14 июли соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти Раёсати прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 2 Собирзода И.М ҷаласаи васеъи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир гардид. Дар ҷаласа аъзоёни Шӯро, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини якуми раиси ноҳия, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, кумитаҳои маҳалла ва дигар шахсони масъул дар масъалаи баррасишавандаи дахлдор ширкат варзиданд. Дар кори ҷаласа ҳолати иҷрои талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 дар ҳудуди ноҳия ва чораҳои андешидашуда дар ин самт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.