ҲИФЗИ ВАТАН РИСОЛАТИ БУЗУРГИ ФАРЗАНДИСТ
«Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву Ваҳдат ва Истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем». Эмомалӣ РАҲМОН Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дорои заминаи мустаҳками техникӣ ва ҷомеаи меҳнатии корозмуда буда, дар сафи худ садҳо ҳазор аъзои ихтиёриро муттаҳид менамояд. Тибқи иттилои роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳия Ибодуллоҳ Набиев айни ҳол дар ташкилоти болозикр аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия чор гурӯҳ иборат аз 104 нафар курси ронандагӣ таҳсил намуда истодаанд, ки ба онҳо омӯзгори пуртаҷриба амаки Муҳиддин Одинаев дарс гуфта, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро меомӯзонад. Онҳо пас аз хатм ва ба даст гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар мегарданд.