-->
 

 СӮГНОМА БА РАИСИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ УБАЙДУЛЛОИ ФАЙЗУЛЛО Ту рафтиву садоқати ту бар Ватан бимонд, Булбул зи боғ рафтаву холӣ чаман бимонд. Ту роҳбар будиву будӣ хоксор беш, Эй марди номдор, тиҳӣ анҷуман бимонд. Эй садри остони Ватан, ҳомии сухан, Ин хоку сарзамину чаман бе сухан бимонд. Будӣ ту чун рафиқу бародар, чу додаре, Во ҳасрато, ки меҳри Ватан дар кафан бимонд. Ёрӣ бикардӣ бар ҳама мазлуму бенаво, Ёди ту рӯи барги гули ёсуман бимонд. Мафтун, чӣ дардҳо, ки кашидӣ ба ёди дӯст, Нӯги қалам шикасаву ашки сухан бимонд.

10.12.2022 Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун

 

 

 ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Санаи 7 декабри соли 2022 дар толори Прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баргузор гардид, ки дар он масъулини Прокуратураи ноҳия, ШВКД, шуъбаи Кумитаи давлатии амният дар ноҳия, Кумитаи андоз, Раёсати молия, Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳаи тандурустӣ ва директорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд. Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ду масъала, ҳолати иҷрои талаботи қонунгузорӣ вобаста ба самаранок ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ дар ҳудуди ноҳия дар давоми 9 моҳи соли 2022 ва ҳолати иҷрои қонунгузории андоз дар қисмати фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирӣ ё бидуни иҷозатномаи махсус мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар хотимаи ҷаласа Раиси Шӯро Прокурори ноҳия-Собирзода И.М. дар назди масъулин ва роҳбарони идораҳои номбурда ҷиҳати таъмини риояи қатъии қонунгузорӣ, сари вақт пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар соҳаҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта, масъулин баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта вазифадор карда шуданд.

Навиди Балх

                        «16 РӮЗИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ЗУРОВАРИИ ГЕНДЕРӢ»

 Рӯзи 7 декабри соли ҷорӣ дар толори Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар мавзӯи «16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ» вохӯрии хотирмон бо иштироки занони фаъоли ноҳия доир гардид. Дар ин ҷамъомад яке аз занҳои фаъол собиқадори меҳнат Саодат Аллаёрова суханронӣ намуда, қайд намуд, ки танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ будани ақди никоҳи марду зан, баробарии ҳуқуқи зану шавҳар дар оила ҳалли масъалаҳои дохили оилавӣ дар асоси мувофиқаи тарафҳо, афзалияти тарбияи кӯдакон дар оила ғамхорӣ нисбати некуаҳволӣ қобили меҳнати оила сурат мегирад. Қайд гардид, ки пешгирии зӯроварӣ дар оила моро ба саодату хушбахтӣ рӯ ба рӯ мекунад. Аз ин рӯ бояд ҳар яки мо ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода тавонем. Ҳамчунин иштирокдорон аз лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаи ҳаёти хеш ёдрас гардида, ҳозиринро ба олами рангини он рӯзҳо ошно намуданд. Худи онҳо низ чун занони фаъол аз фаъолияти корӣ ва пешрафти кори занони имрӯза мисолҳо оварда, таҳсили духтаронро ҳатмӣ шумориданд.

                                   ВОХӮРИИ МУФИД ДАР СОҲАИ ФАРҲАНГ

 Санаи 7 декабри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи корӣ оид ба фаъолияти бахши фарҳанги ноҳия бо иштироки муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат, мудири бахши фарҳанги ноҳия Латифзода Насиба бо кормандони соҳаи фарҳанг баргузор гардид. Сар аввал муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат оид ба корҳои иҷронашуда дар соҳа суханронӣ намуда, ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, таъкид намуд, ки кормандони соҳаи фарҳанг соли нави 2023-и мелодиро бо нишондодҳои хубу аъло пешвоз гиранд. 

              7 ДЕКАБР - РӮЗИКОРМАНДОНИРАЁСАТИМОЛИЯ

 Пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷрои буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, маблағгузории саривақтии тадбирҳое, ки бо маблағгузории давлатӣ дар буҷет пешбинӣ шудаанд, ҳамчунин назорати фаъолияти молиявии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, хароҷоти босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайра аз вазифаҳои аввалиндараҷаи молиячиён ба ҳисоб меравад. Раёсати молияи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баъд аз таъсис ёфтани Вазорати молия аз соли 1924 дар ноҳия кор ва фаъолият намуда истодааст. Дар сохтори мазкур айни замон 12 нафар хизматчиёни давлатӣ кор ва фаъолият намуда, ба 125 адад корхонаву ташкилот аз буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда ва 11 ташкилоти аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда хизмат мерасонад. 

 ГУЛДУХТАРОНИ «ПАНҶШЕР»

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо роҳбарии муаллими тарбияи ҷисмонӣ Содиқ Исматов дастаи футбол бо номи «Духтарони футболбоз» ташкил карданд. -Аллакай ин духтарони футболбоз дар мусобиқаҳои ҷумҳурӣ, Душанбе, вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Мастчоҳ, Турсунзода, Носири Хусрав, Қубодиён, Кӯлоб, Фархор ва Бохтар иштирок карда, ифтихорномаи даставӣ, 1 ҷом, 20 медали биринҷӣ, 20 медали нуқра ва 20 медали «Тилло» оварданд, -иброз намуд муаллими тарбияи ҷисмонӣ Содиқ Исматов. Гурӯҳи «Духтарони Футболбоз» дар чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футболи байни духтарони 13-сола (Ю-13) рақобат намуда, ҷои аввалро сазовор гардиданд. 

 ҚАДРДОНӢ Имрӯз дар маҷлиси назоратии назди раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз тарафи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи зотпарварӣ, афзун намудани саршумори зотҳои беҳтарини чорво, баланд бардоштани маҳсулотнокии он ва иштироки фаъолона дар "Фестивал-намоиши чорвои зотӣ" ҶСП "Ширкати холдингии Исмоили Сомонӣ" ва Барот Умаров- роҳбари хоҷагии Ниёзмаҳмад Бегов бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 Суратгузориш аз рафти иштироки китобдорони Китобхонаи марказонидашудаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ярмаркаи фурӯши китобҳои тозанашр дар шаҳри Бохтар.

 

 ИҚДОМИ ХАЙР Бо пайравӣ аз иқдомҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Рӯзи байналмилалии маъюбон ба 4 нафар маъюби бистарӣ кумаки молиявӣ расонида шуд. Ин ташаббус ниёзмандонро хеле хушнуд ва руҳбаланд намуд.

 

   КОРИ ХАЙР Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон санаи 2 декабри соли 2022 дар Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ба 30 нафар шахсони имконияташон маҳдуд бо маводҳои хӯрокворӣ кумак карда шуд.

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июль 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031