БИНОИ БАЛАНДОШЁНА - ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

 

Дар доираи нақшаи омодагиҳо бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бунёди иншоотҳои таъиноташон гуногун идома дорад.

 ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС

    Санаи 24 июли соли 2024, аз тарафи ташкилоти "Хайрияи Тоҷикистон" бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло ва роҳбари ташкилоти зикргардида Дилшодов Умар дар деҳаи Телмони Ҷамоати деҳоти Золи Зар барои бунёди шаҳрча санги асос гузошта шуд. Дар ин мавзеъ барои ятимони кулли ноҳия хонаҳои истиқоматӣ сохта шуда, инчунин инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ таъмин карда мешавад.

 

                               ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

    Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлис оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар шаш моҳи соли 2024 баргузор гардид. Дар маҷлис муовини намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ризвонзода Фирдавс, муовинон, роҳбари дастгоҳи раис, мудирони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, раисони кумитаи маҳалла иштирок намуданд. Дар оғоз раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло меҳмононро муаррифӣ намуда, қайд кард, ки ба баррасии маҷлиси имрӯза як масъала: ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар шаш моҳи соли 2024 пешниҳод мегардад. Сипас, муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ дар баромади худ оид ба самти кишоварзӣ қайд намуд, ки ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ноҳияи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, аксарияти аҳолии қобили меҳнат ба соҳаи мазкур шуғл варзида, асоси ғанигардонии буҷет аз соҳаи мазкур сарчашма мегирад. 

                 ВОХӮРӢ БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ МАДАНИЯТ

   Имрӯз, 7 июн дар толори Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Алиҷон Абдуҷалол, раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло ва прокурори ноҳия Собирзода Искандар Миралӣ бо фаъолони ҷамоат доир гардид. Мақсад аз вохӯрии мазкур доир намудани суҳбат дар мавзӯи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини либосҳои ягонаи мактабӣ, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, самаранок истифода бурдани заминҳо, кишти такрорӣ, беталаф ҷамъоварӣ намудани ғалладонагиҳо, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва дигар масъалаҳо мебошад.

                ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ГУЛИСТОН

    Рӯзи 5 июни соли 2024 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Алиҷон Абдуҷалол, раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, прокурори ноҳия Собирзода Искандар Миралӣ вохӯрии судманд бо фаъолони ҷамоати мазкур баргузор гардид. Масъулин зимни баромади хеш аз дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, оид ба мавзӯъҳои мубрами рӯз аз ҷумла рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумуҳрии Тоҷикистон, таъмини либосҳои ягонаи мактабӣ, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуданд.

  СУРАТГУЗОРИШ аз рафти вохӯрии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ҷамоатҳои Навоӣ ва Калинини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба масъалаҳои пешгирии терроризму экстремизм, ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, самаранок истифода бурдани заминҳо, кишти такрорӣ, беталаф ҷамъоварӣ намудани ғалладонагиҳо, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо. 4.06.2024

   СУРАТГУЗОРИШ аз рафти идомаи вохӯриҳои намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Алиҷон Абдуҷалол, раиси ноҳия Холиқзода Рустаи Ҳикматулло ва прокурори ноҳия Собирзода Искандар Миралӣ бо фаъолони ҷамоатҳои Навобод ва Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ. 4.06.2024.

 

ТАШРИФИ МЕҲМОНОНАЗВИЛОЯТИСВЕРДЛОВСКИФЕДЕРАТСИЯИРОССИЯ

     Санаи 27 майи соли 2024 меҳмонон аз вилояти Свердловски Федератсияи Россия таҳти роҳбарии вазири кишоварзӣ ва бозори истеҳсолии Свердловск Анна Кузнетсова ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварда, аз маҳсулоти кишоварзӣ ва парвариши полезиҳо дар хоҷагии деҳқонии Сафар Ҷумаеви Ҷамоати деҳоти Золи Зар дидан намуданд. Меҳмононро муовини соҳавии раиси вилояти Хатлон Каримзода Ҷамшед ва раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло ҳамроҳӣ намуданд. Кишоварзони хоҷагии мазкур дар 20 гектар замин тарбуз парвариш менамоянд, ки онҳо бо як ширкати бонуфузи Россия шартнома дошта, тайи 2 сол аст, ки тарбузи хушлаззати ин хоҷагиро ба давлати Россия интиқол медиҳанд. Соли гузашта 245 тонна тарбуз содирот карда, ин мавсим ният доранд, ки содироти онро боз ҳам баланд бардоранд. Дар ин майдон се навъи тарбуз, аз ҷумла сурх, бедона ва тарбузи зард парвариш карда мешавад. Меҳмонон аз гармхонаҳои лимупарварии хоҷагии деҳқонии «Мурод» низ дидан карда, хоҳиши содироти меваҳои ситрусиро ба миён гузоштанд. Ин хоҷагӣ дар як гектар замин як чанд лимонхона дошта, дар ҳар кадоми он 420 ниҳол парвариш намуда истодаанд.

                                                           СУРАТГУЗОРИШ

     Дар асоси Амри раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз  5 феврали соли 2024, №5 «Дар бораи таъсис додани гурӯҳҳои кории доимоамалкунанда дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия» имрӯз, 23 май бо иштироки  роҳбари гурӯҳ Исматзода Саидшоҳ- мудири бахши бойгонӣ, Ҷавоҳир Риоева - сармутахассиси бахши кор бо занон ва оила, намояндаи бахши фарҳанг ва масъулини Ҷамоати шаҳраки Балх бо истиқоматкунандагони хонаҳои баландошёнаи кӯчаҳои Румӣ ва Муродов оид ба корҳои ободонию тозагии кӯчаю маҳаллаҳо, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷалби ҷавондухтарон ба зиннаи сеюми таҳсил суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд.

Навиди Балх

 

                                                            ҲУНАР САРМОЯИ ЗИНДАГИСТ

      Табақтарошӣ яке аз ҳунарҳои суннатии тоҷикон буда, устоҳои чирадасти он ба сохтани табақу кафлесу қошуқ ва дигар зарфҳои чӯбин машғул мебошанд. Табақҳо бошанд аз ҷиҳати сохту андоза гуногун: аз ҷумла, калону хурд, паҳн ё чуқур сохта ба истифода дода мешаванд. Аз рӯи назари устоҳои ин навъи ҳунар барои табақтарошӣ бештар чӯбҳои чормағз, зардолу, чинор ва зарбед истифода мешаванд, ки дар он бештар таомҳои миллӣ бардошта болои хон мегузоранд. Урунбек Буриев аз зумраи ҳунармандони табақтарошест, ки дар кӯчаи Шерозии Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ истиқомат мекунад. Ӯ ҳамроҳи бародаронаш ба ин ҳунари аҷдодии табақтарошӣ машғул буда, мизоҷони зиёде доранд. Табақтарошӣ миёни халқи тоҷик аз маъмултарин ҳунарҳои суннатӣ маҳсуб меёбад, ки ба сохтани табақу қошуқ ва дигар ашёи чӯбин алоқаманд аст. 

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031