Ҷ. БАЛХӢ: ПАХТАКОРОН ҲАДАФ ДОРАНД, НАҚШАИ СОЛОНАРО ИҶРО КУНАНД
Ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ яке аз ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон буда, имсол низ бо ҷидду ҷаҳди заҳматкашонаш дар самти иҷрои нақшаи кишти пахта фаъолона амал намуда истодаанд. Тавре сардори раёсати кишоварзии ноҳия Абдусатторзода Алимаҳмад хабар дод, то имрӯз дар ҳудуди ноҳия дар майдони 4832 гектар кишти пахта ба анҷом расонида шудааст.
Ҳамзамон, 180 гектар замин бо усули муосири кишти пахта зери плёнка кишт гардидааст. Ин усул имконият медиҳад, ки сабзиш ва нашъунамои ниҳолҳо дар муҳити гарм ва муътадил таъмин шуда, ҳосилнокии он дар муқоиса бо кишти анъанавӣ баландтар бошад. Ба гуфтаи мутахассисон, истифодаи плёнка яке аз роҳҳои баланд бардоштани самаранокии истеҳсоли пахта ва сарфаи обу нуриҳо мебошад.
Ба иттилои масъулин, имсол кишоварзони ноҳия ният доранд дар умум 9935 гектар заминро ба кишти пахта бахшанд. Барои ба иҷро расонидани ин ҳадаф, онҳо аз тамоми имкониятҳо, техникаҳои муосир ва таҷрибаи корӣ истифода бурда истодаанд. Ҳамзамон, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, таъмини тухмиҳои хушсифат, нуриҳо ва воситаҳои техникии зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Заҳматкашони соҳаи кишоварзӣ бо рӯҳияи баланди меҳнатӣ фаъолият доранд, зеро пахта яке аз зироатҳои муҳими стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад ва дар таъмини соҳаҳои саноати нассоҷӣ, равғанбарорӣ ва инчунин ба иқтисодиёти миллӣ саҳми арзанда мегузорад.
Масъулини соҳа изҳори умедворӣ мекунанд, ки бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва обу нигоҳубини дуруст, имсол ҳосили хуб ба даст хоҳад омад. Қисми зиёди заминҳое, ки кишт шудаанд, дар ҳолати хуб қарор дошта, сабзиш ва нашъунамои ниҳолҳо умедбахш арзёбӣ мегардад.