БОЗДИДИ ГУРӮҲИ КОРИИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН АЗ КОРГОҲИ ДӮЗАНДАГИИ “ҶДММ СОМОН 2013”
Санаи 4 феврали соли љорї гурӯҳи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар доираи сафари корӣ аз фаъолияти коргоҳи дӯзандагии “ҶДММ Сомон - 2013”- и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ боздид намуданд.
Тавре иттилоъ додашуд, дар ин коргоҳ зиёда аз 40 нафар бонувони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Фаъолияти асосии коргоҳ ба дӯхти либосҳои мактабӣ равона шуда, пеш аз оѓози њар соли тањсили нав муассисаҳои таълимии ноҳияро бо либоси ягона таъмин менамояд.
Зимни боздид масъулон муҳимияти ҷалби бештари занон ба шуғл ва саҳми онҳо дар рушди иқтисодиёти кишварро таъкид намуда, изҳор доштанд, ки дастгирии соҳаи дӯзандагӣ метавонад ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави корӣ мусоидат намояд.