БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ НОҲИЯ
Рўзи 6 феврали соли 2025, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушдии ҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар соли 2024 баргузор гардид.
Дар нишаст раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони љамоатњои шањраку дењот ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.
Холиқзода Рустам Ҳикматулло дар оғози нишаст оид ба натиҷагирии рушди ноҳия дар соли 2024 маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Раиси ноҳия дар баромади худ батаваҷҷуҳи ҳозирин расонид, ки дар баробари пешрафтҳои назаррас дар соҳаҳои мухталиф, ба сифати як ҳадафи аслӣ, беҳбудии шароити зисти сокинон ва рушди иқтисоди маҳаллӣ қарор доранд.
Дар рафти нишаст, дар бораи иҷрои нақшаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, хусусан дар соҳаҳои сохтмон, саноат, кишоварзӣ ва дигар самтҳо маълумот пешниҳод карда шуд.
Гуфташуд, ки вақтҳои охир дар ноҳия дар миқёси назар бунёди иншооти гуногун шуруъ гардида, дар маҷмӯъ 340 –бинову иншооти соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла фарҳанг, тандурустӣ, варзиш, саноат ва дигар соҳаҳо пешбинӣ карда шудаанд.
Бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳои ободониву созандагӣ тасдиқ гардида, дар асоси ин нақша, дар соли 2024 бунёди 59 иншооти нав ба нақша гирифта шуда буд.
Ба иттилои раиси ноҳия, то 1 – декабри соли 2025, 91 – иншоот бо 154,2 фоиз аз нақшаи пешбинишуда ба истифода дода хоҳад шуд. Бо таври умумӣ, аз 340 иншоот, 254 адад ба истифода дода шудаанд, ки 74,7 фоиз аз ҳадафи умумии тасдиқ шуда мебошад.
Дар нишасти матбуотӣ, рӯзноманигорон ба раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло бо саволҳо, аз љумла дар бораи рушди сайёҳӣ, таъмири роҳҳо, ободонии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, соҳаҳои маориф, кишоварзӣ, саноат ва дигар масъалаҳои мубрам ҷиҳати рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия муроҷиат намуданд.
Раиси ноҳия ба ҳамаи саволҳои рўзноманигорон ҷавобҳои қаноатбахш доданд.
Нишасти матбуотӣ дар фазои озод ва як дигарфаҳмӣ, бо суҳбатҳои озод ва саволу ҷавобҳо бо иштироки рӯзноманигорон баргузор гардид, ки ҳамоҳангӣ ва фаҳмиши хуб миёни намояндагони мақомот ва воситаҳои ахбори оммаро ба вуҷуд овард.