ҶАЛАСАИ МУҲИМ ОИД БА КИШТИ БАҲОРӢ ВА ТАТБИҚИ СУПОРИШҲО
7 марти соли 2025 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти раёсати муовини якуми раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар ва бо иштироки раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар масъулини соҳа ҷаласаи муҳим баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими кишти баҳорӣ, таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои корӣ, шудгор намудани заминҳои намнок дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, зиёд намудани майдони кишти пахта, шинонидани сабзавотҳои зери плёнка ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ баррасӣ шуданд.
Муовини якуми раиси вилоят Мирзозода Музаффар зимни суханронии худ таъкид намуд, ки бояд омодагии ҳамаҷониба ба мавсими кишти баҳорӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда анҷом дода шавад.
Ӯ масъулинро вазифадор кард, ки бо суръати баланд шудгор ва омодасозии заминҳо, истифодаи самараноки захираҳои обӣ, зиёд намудани майдони кишти пахта, парвариши сабзавотҳои барвақтӣ ва ташкили гармхонаҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд . Инчунин, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ вазифадор карда шуданд, ки истифодаи пурсамари заминҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва риояи қоидаҳои агротехникӣ-ро ба таври ҷиддӣ таъмин намоянд.