КИШТИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ "КӮҲИ СУРХ"
Хоҷагии деҳқонии фермерии "Кӯҳи Сурх" дар деҳаи Навдиёри Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ воқеъ аст. Дар ин хоҷагӣҳамасола дар майдони 1 гектар замин кишти картошкаи ба роҳ монда мешавад.
Имсол низ, заҳматкашони хоҷагӣ дар ин майдон картошкаи навъи "Масчоҳи кӯҳӣ"-ро шинониданд. Ҳамзамон, дар ҳудуди хоҷагӣ 400 адад ниҳоли ҳамешасаб шинонида шудааст. Ин хоҷагӣ дорои 80 гектар замин буда, дар як гектар картошка, 12 гектар пахта, 8 гектар ғалладона ва дар боқимондаи замин дигар намуди зироатҳо кишт карда мешаванд. Онҳо ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода намуда, ҳамасола ду ҳосил ба даст меоранд. Ёдовар мешавем, ки дар моҳи октябри соли 2024, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии "Кӯҳи Сурх" ташриф оварда, бо ҷараёни парвариш ва дарави шолӣ аз кишти такрорӣ шинос шуданд.