-->
 

 ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАРИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Санаи 5 январи соли 2023 дар толори Хоҷагии ба номи Сафар Ҷумаев, Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиён Муҳаммад Султон вохӯрӣ бо сокинони ҷамоати мазкур баргузор гардид. Муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат зимни суханронии хеш аз Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, зикр дошт, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқу ташвиқи дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Роҳбари давлат дарҷ гардиданд, вакилони Маҷлиси намояндагон дастур гирифтанд, ки ҳар кадом бо интихобкунандагони худ ҷиҳати тавсияи бахшҳои Паём дар маҳал бо мардум мулоқотҳо анҷом диҳанд.

                          ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

   Дар ҷаҳони имрӯз экстремизм ва терроризм чун зуҳуроти манфӣ ва ҷинояти фаромиллӣ хатари ҷиддӣ ба амният ва оромии ҷомеа мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд борҳо иброз дошта, таъкид кардаанд: «Террорист Ватан, миллат, дин, сарҳад надорад ва набояд онҳоро ба муътадилгарову таҳаммулнопазир ҷудо кард. Террористон дар ҷомаи дин даромада, барои амалӣ намудани ниятҳои худ одамонро бо бераҳмии махсус ба қатл мерасонанд. 

 ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Имрӯз 3 январи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Хоҷагии ба номи Турахон Исанқулови Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Ҳуснигул Раҷаб вохӯрии муфид бо сокинони ҷамоати болозикр баргузор гардид. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Ҳуснигул Раҷаб оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар суханронӣ намуд. 

ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

   Санаи 3 январи соли 2023 дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар ва Икромӣ Фазлиддин вохӯрии судманд бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Калинин ва Навоӣ баргузор гардид. Муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат вохӯриро ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба ноҳия хайрмақдам гуфт. 

 ВОХӮРӢ ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Санаи 3 январи соли 2023 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳ додани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон вохӯрӣ доир намуданд. Дар ин вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Ҳуснигул Раҷаб ва Икромзода Фазлиддин иштирок доштанд. 

                  ИҚДОМИ НАВБАТӢ ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Имрӯз 30 декабри соли 2022 дар арафаи Соли нави мелодӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба 25 нафар ятимони кулл туҳфаҳои солинавӣ ва кумак ба суратҳисоби ҳар кадом ба маблағи 250 сомонӣ гузаронида, барояшон дастархони идона оростанд. Ҳамчунин ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои дилошуб хотири онҳоро болида гардониданд.

 

 

              КУМАК БА ЯТИМОН ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2023

   Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама иду ҷашнҳо аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсони саховатпеша, соҳибкорон, ташкилоту муассисаҳо ба мактаб-интернат ва маъюбону собиқадорони меҳнат кумакҳо расонида мешаванд. 

  ИҚДОМИ НЕК ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

 Санаи 26 декабри соли равон дар арафаи Соли нави мелодии 2023 ба Дидбонгоҳи сарҳадии Калъаи Файзободи Қисми ҳарбии 0306 РҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҷамоати деҳоти Навобод маводи хӯрока аз қабили равған, шакар, намак, тухм, биринҷ, маска, макарон ва як адад телевизор кумак расонида, ба сарбозони дидбонгоҳи мазкур дастархони идона ороста шуд. 

 

 ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

   Бо мақсади иҷрои дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии онҳо санаи 24 декабри соли 2022 мувофиқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки муовини якуми раиси вилоят муҳтарам Салимзода Амонулло дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид. Сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вобаста ба масъалаҳои истифодаи замин, таъмир ва иваз намудани трансформаторҳо, баррасӣ намудани проблемаҳои ҷойдошта ва дигар масъалаҳои ҳалталаб ба муовини якуми раиси вилояти Хатлон муроҷиат намуданд.

ВОХӮРИИ СУДМАНД ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ БАЙНИМАРЗӢ Санаи 22 декабри соли 2022 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ ҷиҳати муаррифии муҳтавои мақолаи коршиноси масоили сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо оид ба масъалаҳои байналмилалӣ зери унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” бо иштироки Сарходими илмии пажуҳишгоҳи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дотсент Ализода Баҳриддин Пирмуҳаммад, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Саймумин Раҳматзода, муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Қурбонзода Хуршед, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва дигар фаъолони ноҳия баргузор гардид.

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Апрель 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 

Серхонанда