Дар таърихи давлатдории миллати соҳибтамаддуни тоҷик санаи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои зарҳалин сабт гардида, эҳтирому самимияти мардумро нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифода менамояд. Таърих ба Тоҷикистони соҳибистиқлол дар лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз Эмомалӣ Раҳмонро ҳадя кард ва ин чеҳраи нуронии сиёсат барои миллати тоҷик ва мардуми тоҷикистонӣ бозёфти нодири таърихӣ маҳсуб гашт. Аз саҳифаҳои таърихи давлатдории навини тоҷикон мо хуб дар ёд дорем, ки дар бунёд кардану азми ватандорӣ ба Пешвои муаззами миллат монеаҳои зиёде пеш омаданд, аммо руҳи шикастнопазираш хастагиро напазируфт.

Рускый