«16 РӮЗИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ЗУРОВАРИИ ГЕНДЕРӢ»
Рӯзи 7 декабри соли ҷорӣ дар толори Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар мавзӯи «16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ» вохӯрии хотирмон бо иштироки занони фаъоли ноҳия доир гардид. Дар ин ҷамъомад яке аз занҳои фаъол собиқадори меҳнат Саодат Аллаёрова суханронӣ намуда, қайд намуд, ки танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ будани ақди никоҳи марду зан, баробарии ҳуқуқи зану шавҳар дар оила ҳалли масъалаҳои дохили оилавӣ дар асоси мувофиқаи тарафҳо, афзалияти тарбияи кӯдакон дар оила ғамхорӣ нисбати некуаҳволӣ қобили меҳнати оила сурат мегирад. Қайд гардид, ки пешгирии зӯроварӣ дар оила моро ба саодату хушбахтӣ рӯ ба рӯ мекунад. Аз ин рӯ бояд ҳар яки мо ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода тавонем. Ҳамчунин иштирокдорон аз лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаи ҳаёти хеш ёдрас гардида, ҳозиринро ба олами рангини он рӯзҳо ошно намуданд. Худи онҳо низ чун занони фаъол аз фаъолияти корӣ ва пешрафти кори занони имрӯза мисолҳо оварда, таҳсили духтаронро ҳатмӣ шумориданд.

Рускый