Санаи 4 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии идона баргузор гардид. Сараввал раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло ба сухан баромада, ҳозиринро ба 28-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд. Қайд гардид, ки Конститутсия замони Истиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 барои бунёди мамлакати ободу пешрафта, таъмини амнияту осоиштагӣ, сулҳу озодӣ ва рушду инкишофи ояндаи давлати тозаистиқлол замина гузошт. Инчунин раиси суди ноҳия Сафарзода Шералӣ Нур маърӯза намуда, зикр намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳимоя мекунад. Қабули Конститутсия ҳамчун шоҳсутуни давлатдорӣ бо шарофати кӯшишу талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Дар рафти чорабинии идона ба фаъолон барои иҷрои нақшаҳо, ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» маблағҳои пулӣ ва сипосномаҳо тақдим карда шуд. Дар фарҷоми чорабинии болозикр ҳунармандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо барномаи театрикунонидашуда хотири ҳозиринро болида гардониданд.