НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » Амалҳои ноҷавонмардона ва террористии низомиёни қирғизро маҳкум менамоем!!!
сентябрь 22 2022

Амалҳои ноҷавонмардона ва террористии низомиёни қирғизро маҳкум менамоем!!!

Амалҳои ноҷавонмардона ва террористии низомиёни қирғизиро маҳкум менамоем!!!

   Гуфтан ҷоиз аст, ки таи чанд рӯз аст, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нооромӣ ҳукумфармо аст. Яъне низомиёни қирғизҳо ноҷавонмардона ба хоки Тоҷикистон ҳуҷум карданд ва талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шуд. Инчунин чанд хзонаҳои истиқоматии шаҳрвандон сухтаву валангор гашт. Байни намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Қирғизистон аҳднома баста шуд, вале онҳо бори дигар ба хоки Тоҷикистон аҳдшиканона ҳуҷум карданд. Дар урфиат беҳуда нагуфтаан, ки “ Чоҳкан зери чоҳ аст” ва ҳамин тавр ҳам шуд. Мо мали ноҷавонмардонаи онҳоро ҳамчун гурӯҳи террористи меҳисобем, чунки онҳо мехоҳанд, ки бо роҳи зӯроварӣ ва дигар ва дигар амалҳои зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, маҳалгароиро ба роҳ монанд. Родмардон ва ҷавонони ҷасури Тоҷикистон ба ҳимояи Ватан ва асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, таъмини тамомияти арзӣ ва амнияти давлату миллат бархоста, дар муддати кӯтоҳ ба ин амали ноҷавонмардонаи низомиёни қирғиз нуқта гузошт.

   Тавре огоҳ ҳастем терроризм имрӯз аксари ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифтааст ва ба хатари бузурги сайёра табдил ёфтааст. Дар ҳама давру замон рушду инкишоф ва пешрати кишварҳои олам аз омилҳои зиёд, аз ҷумла захираҳои инсонӣ, сатҳи саводнокии онҳо ва пешрафти илму техника вобастагӣ дорад.Ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун кишвари бонуфӯзи захираҳои меҳнати ва объекти манфиатҳои миллию давлати буда, омили асосии таъмини рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар иинҷо суханони Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар мешавем, ки таъкид кардаанд:“ Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳад, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти  насли калонсол, нерӯи созанда, ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд”. Ҷавчонони мо имрӯз собит сохтанд, ки бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва устувор гардонидани мавқеъи он дар қатори кишварҳои пешрафта сафарбар менамоянд.

   Мо терроризмро қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол намуда, асосҳои маънавии ҷомеаро вайроннамуда, ба амнияти мо ва ба тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад ва мо ҳама якҷоя, дастаҷамъона ба муқбили он мубориза барем. Бо ин мақсад, бояд ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ ва донишомӯзӣ тарбия намоем. Ҷавонони мо бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати худ ва забони фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ҳушёру зирак бошанд.

   Дӯстдоштани Ватан яке аз гӯшаҳои имондорист ва хизмат дар сафи қувваҳои Мусаллаҳ, ё қушунҳои сарҳадӣ беҳтарин мактаби мардонаги ба ҳисобмеравад.Ин мактаби ҷавонмардӣ, ҷасуриву далерӣ, масъулиятшиносиву шуҷоатмандии ҳар як ҷавони соҳибдили Ватандӯстро таҷассум менамояд. Сарҳадбон баҳри ҳифзи марзу буми Ватани худ  аз сарҳадшикан шабу рӯзро ба бедорӣ паси сар карда, хунукиву гармо ва гуруснагиву ташнагиро эҳсос намекунад ва ҷону тани худро сипар мекунад то нохалафе қасди нопок накунад. Ҷавонони саодатманд ва шуҷоъи Тоҷикистон, ҳамеша барои ҳимояи марзу буми Ватани худ тайёр ва омода бошед. Дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Қушунҳои сарҳадӣ хизмат намоед, зеро бузургонамон гуфтаанд, ки хизмат ба Ватан ҳам қарзу ҳам фарз аст.

                        

ТОҶИКИСТОН БО ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ БА ПЕШ!

 

   Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо

ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ        Абдуллов Раҷабалӣ      

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: Атабаева Зуҳро
  • Санаи нашр: 22 сентябрь 2022 10:14
  • Категорияи нашр: Асосӣ
  • Шумораи диди нашр: 812
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
16 сентябрь 2022
Асосӣ
ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРИ

ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРИ АҲЛИ ОСОИШТАИ БАҲСИ САРҲАДИСТ! Чӣ тавре, ки АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, “14 сентябри соли

Маълумоти бештар
19 сентябрь 2022
Асосӣ
ВОРУХ ПОРАИ ТАНИ ҲАР ЯК

ВОРУХ ПОРАИ ТАНИ ҲАР ЯК ТОҶИКУ ТОҶИКИСТОНИСТ! ВОКУНИШ. Ба ҳолати соати 10:00 - и 16 сентябри соли 2022 дар тамоми

Маълумоти бештар
16 сентябрь 2022
Асосӣ / Маориф
ҚИСМИ ЗИЁДИ КӮДАКОН АЗ

ҚИСМИ ЗИЁДИ КӮДАКОН АЗ КӮЧА ОДОБ МЕОМӮЗАНД Сараввал қайд бояд кард, ки идомабахши кори оила ва падару модар

Маълумоти бештар
21 сентябрь 2022
Асосӣ
МО ТАРАФДОРИ СУЛҲЕМ!

МО ТАРАФДОРИ СУЛҲЕ М! Ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш созем, ки Ворух як порчаи ҷудонашавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Октябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 

Серхонанда