НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Материалы за 07.06.2023

 ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ   МИЛЛАТ» Санаи 6 июни соли 2023

    Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» бо иштироки аъзои ҳакамон Саодат Алаёрова, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Зуҳро Атабоева, мудири бахши кор бо занон ва оила Ҷаъфарзода Фарзона, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Қурбонзода Хуршед ва директории китобхонаи марказӣ Наргис Салимова баргузор гардид. Дар озмуни мазкур хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кормандони баъзе ташкилоту муассисаҳо иштирок намуда, ғолибон ба даври сеюми вилоятӣ роҳхат гирифтанд. 

                                                                                                                                                                                                                 

                                    «ҲАМНИШИНЕ НЕСТ БЕҲТАР АЗ КИТОБ»

 Тибқи нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар толори китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санаи 5 июни соли равон библиомарафон таҳти унвони «Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб» гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Зуҳро Атабоева, мудири бахши фарҳанг Латифзода Насиба, директори китобхонаи марказӣ Наргис Салимова, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Навиди Балх» Ибодуллоҳ Одиназода, аъзои китобхона ва филиалҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок доштанд. Баргузор намудани чунин озмунҳо барои ҷалби кӯдакону наврасон ба китобхонӣ, баланд бардоштани савияи дониш, завқи бадеӣ ва ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии онҳо мусоидат менамояд. Дар фарҷом иштирокчиёни фаъол аз тарафи директори китобхонаи марказии ноҳия Наргис Салимова бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.

 

 

 

       Суратгузориш аз рафти ташриф ва дидан намудани намояндагони Ҷумҳурии исломии Эрон аз Мақбараи рамзӣ ва Хона Музейи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ. 3.06.2023

 

                    ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ МУОВИНИ РАИСИ НОҲИЯ

      Санаи 1 июни соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи назоратии назди муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумринисо баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарони ташкилоту муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба соҳаи иҷтимоӣ, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд. Дар рафти ҷаласа аз роҳбарони соҳаҳои фарҳанг, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, пурсиш ба амал оварда шуд. Барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта муҳлат дода шуд.

      Санаи 30 майи соли равон Сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Насриддинзода Рамазон аз китобхонаҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар доираи озмуни вилоятии китобхонаҳо таҳти унвони "Махзани маърифат" дидан намуд.

                          ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

         Ҳамасола бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон -1 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун баргузор карда мешавад. Кӯдакон сарвати муҳимтарин, ояндаи неки имрӯзу фардои миллат мебошанд ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо вазифаи ҳар як шахс, ҷомеа ва давлат аст. Иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар рӯҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд. 

      ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

   Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба чорабинии як моҳи ҳаёти кӯдакон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як қатор чорабиниҳо таҳия гардида, кӯдакон ба ҷойҳои таърихии ноҳия аз қабили Осорхона, Мақбара ва Хона – музейи Ҷалолиддини Балхӣ ҷалб карда шуданд. Инчунин оид ба ин чорабинӣ як қатор озмунҳо гузаронида шуд, ки ғолибон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи маориф бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ расонидан ба кӯдакони маъюб ва имконияташон маҳдуд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муовини раиси ноҳия Сангализода Қумринисо, сармутахассис - котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба соҳаи иҷтимоӣ ба 85 нафар кӯдакони маъюби бистарӣ кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд. Дар ҳамин раванд муовини раиси ноҳия Сангализода Қумринисо аз шарту шароитҳои муассисаҳои томактабии ноҳия дидан намуданд.

                                                               КОРИ ХАЙР

     Имрӯз 26 майи соли ҷорӣ аз тарафи раиси Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Эшбуризода Баҳриддин бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба 18 нафар кӯдакони имконияти маҳдуд доштаи ҷамоати мазкур маҳсулотҳои хӯрока ва шириниоҳо кумак карда шуд.

                                                                      ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

         Санаи 25 майи соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи назоратии назди муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумринисо баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарони ташкилоту муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба соҳаи иҷтимоӣ, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд. Дар рафти ҷаласа аз роҳбарони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ пурсиш ба амал оварда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта муҳлат дода шуд. Инчунин, аз тарафи муовини раиси ноҳия барои дар сатҳи баланди фарҳангӣ ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба ҳозирин дастуру супоришҳо дода шуд.

 

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Июнь 2023    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930 

Серхонанда