Амалҳои ноҷавонмардона ва террористии низомиёни қирғизиро маҳкум менамоем!!!
Гуфтан ҷоиз аст, ки таи чанд рӯз аст, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нооромӣ ҳукумфармо аст. Яъне низомиёни қирғизҳо ноҷавонмардона ба хоки Тоҷикистон ҳуҷум карданд ва талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шуд. Инчунин чанд хзонаҳои истиқоматии шаҳрвандон сухтаву валангор гашт. Байни намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон аҳднома баста шуд, вале онҳо бори дигар ба хоки Тоҷикистон аҳдшиканона ҳуҷум карданд. Дар урфиат беҳуда нагуфтаан, ки “ Чоҳкан зери чоҳ аст” ва ҳамин тавр ҳам шуд. Мо мали ноҷавонмардонаи онҳоро ҳамчун гурӯҳи террористи меҳисобем, чунки онҳо мехоҳанд, ки бо роҳи зӯроварӣ ва дигар ва дигар амалҳои зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, маҳалгароиро ба роҳ монанд. Родмардон ва ҷавонони ҷасури Тоҷикистон ба ҳимояи Ватан ва асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, таъмини тамомияти арзӣ ва амнияти давлату миллат бархоста, дар муддати кӯтоҳ ба ин амали ноҷавонмардонаи низомиёни қирғиз нуқта гузошт.