ШАРҲУ ЭЗОҲИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАРОБАРӢ ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ҲАМА ГУНА ШАКЛҲОИ ТАБЪИЗ»
Имрӯз 25 июли соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъизи Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Маҷидов, Назридинзода Анис, Ҳайдарзода Муҳаммад, кормандони шуъбаи вазорати корњои дохилӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва имомхатибон чорабинии иттилоотӣ вобаста ба шарҳу эзоҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» баргузор гардид. Гуфта шуд, ки Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии амалигардонии ҳуқуқ ва имкониятҳои баробарро барои ҳамаи шахсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда, низоми ҳуқуқии пешгирӣ ва ҳифзи самаранок аз ҳама гуна шаклҳои табъизро муқаррар менамояд. Табъиз ин ҳама гуна фарқиятгузорӣ мебошад, ки дар асосҳои воқеӣ ва (ё) эҳтимолӣ нисбат ба дилхоҳ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё гурӯҳи шахсон, хешовандони онҳо ё шахсони бо онҳо ба тариқи дигар алоқаманд ба вуҷуд омада, ба аломатҳои нажод, ранги пӯст, пайдоиш, ҷинс, забон, дин ва эътиқод, мансубияти миллӣ ва (ё) этникӣ, маъюбият, вазъи саломатӣ, синну сол, шаҳрвандӣ, ақида, вазъи саломатӣ ё ҳолати дигар асос меёбад ва мақсад ё оқибати он бад кардан, нобуд сохтан ва (ё) кам нишон додани ҳуқуқу озодиҳои эътирофшуда, истифода ё амалӣ намудани тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар асоси баробарӣ мебошад.