БАРГУЗОРИИМАҶЛИСИҶАМЪБАСТИИКУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИ ИДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Имрӯз 20 январи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар соли 2022 баргузор гардид. Дар маҷлиси ҷамъбастӣ намояндаи КИВ ҲХДТ Раҳимзода Меҳроҷ, муовини раиси ноҳия Бегмуродзода Файзиддин ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Сулаймонова Лола иштирок намуданд. Дар маҷлиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия масъалаҳо оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023, ҳисоботи гурӯҳи вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар соли 2022, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои соли 2023, тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи Қарори Маҷлиси КИМ ҲХДТ аз 30.11.2022, №1 “Дар бораи рафти иҷрои қарорҳои анҷуманҳои 13 ва 14 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ дар марҳилаи минбаъда”, қабули қарорҳо вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб ва масъалаҳои ташкилӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Доир ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Сулаймонова Лола оид ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳия дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 баромад намуд.