НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ
июль 12 2023

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ

   Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санаи 6 июни соли 2023 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Хочагии ба номи Турахон Эсанқулов-и ноҳия маҷлиси ҷамъбастӣ гузаронида шуд. Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия Сулаймонова Лола ва раиси Шӯрои собиқадорони ҳизбӣ Абдулҳаев Маҳмасаид иштирок намуд. Дар маҷлис масъалаҳо доир ба ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда, ба роҳбари гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ, иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2024 ва ҳамзамон масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд. Сараввал ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда, шунида шуд. Оид ба ҳаракати аъзои ҲХДТ, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоӣ, дар амал тадбиқи намудани ташаббусҳои ҲХДТ бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ибрози андеша намуд. Қайд гардид, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ташаббусҳои беназири Пешвои маҳбуби миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, зикр доштанд, ки ҳамаи моро мебояд дар меҳвари сиёсии мактаби сулҳовари Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, саҳми худро дар корҳои созандагию ободонии кишвари азизамон зери шиори "Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” фаъолона гузорем. Дар фарҷоми чорабинӣ ба собиқадорони ҳизбӣ ва фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ туҳфаҳои рамзии Кумитаи иҷроия дар ноҳия ва кумакҳои молиявӣ расонида шуд.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: Атабаева Зуҳро
  • Санаи нашр: 12 июль 2023 09:58
  • Категорияи нашр: Асосӣ
  • Шумораи диди нашр: 739
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
03 апрель 2023
Фарҳанг
-- ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА» Ҷаласаи комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули Лола» дар ноҳияи

Маълумоти бештар
14 апрель 2023
Асосӣ / Мақомоти иҷроия
ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ

ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР СЕМОҲАИ СОЛИ 2023 Имрӯз 13 апрели соли

Маълумоти бештар
12 июль 2023
Асосӣ / Маориф
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА

ТОБИСТОНА Фасли тобистон ҳамчун фасли истироҳатӣ барои хонандагону толибилмон хусусиятҳои хоси худро дорад.

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30