Дар толори Ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ имрӯз 4 июли соли 2023 вохӯрии муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо оид ба Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо кормандони ҷамоати мазкур, раисони маҳалла ва сокинон баргузор гардид. Муовини раиси ноҳия Сангализода Қумриниссо баромад карда, масъалаҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм, хавфу хатарҳои ин падидаҳои харобиовар ба амнияти давлату миллатро шарҳ доданд. Зикр гардид, ки дар муқовимат ба экстремизму терроризм дар баробари он ки вазифаи мақомоти ваколатдори давлатӣ мебошад, инчунин, вазифаи шаҳрвандии ҳар як нафар аст ва шаҳрвандон бояд бо мақомоти давлатӣ ҳамеша ҳамкорӣ намоянд. Ҳамчунин, таъкид намуданд, ки мо бояд ба қадри суботу оромӣ бирасем ва барои ҳифзу таҳкими арзишҳои умумимиллию умумидавлатӣ талош намоем. Дар идома баромадкунандагон бо такя ба таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки хурофотпарастӣ ин ҷаҳолат аст. Гуфта шуд, ки андешаву хулосаҳо моро водор мекунад, ки бо ҳамкориву ҳамоҳангсозӣ фаъолиятҳои ниҳодҳои давлатӣ ва ғайри давлатиро бахотири беҳбудии вазъи ҷавонони имрӯз, ки фардои миллат аз онҳо вобастагӣ дорад, рушд диҳем. Таълиму тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳанпарварӣ, илму фарҳанг дустӣ ва арзишҳои демократӣ бояд дар ҷомеа мавқеи аввалиндараҷа дошта бошад.
Навиди Балх