Шоми Истиқлол суратгузориш аз рафти чорабинӣ таҳти унвони "Шоми Истиқлол" - и Ҷамоати деҳоти Маданият, Хоҷагии ба номи Турахон Исанқулов, Корхонаи давлатии фаръии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ", шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Маркази алоқаи почтаи ноҳия, Хоҷагии Абдувадуд Дӯстов, Филиали "ҶСК - и" "Тоҷиктелеком" дар ноҳия ва ҶДММ "МПМК Колхозобод" - и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 5.09.2022
Аз 1 то 9 - сентябр ба истиқболи ҷашни 31- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барномаҳои фарҳангӣ - фароғатӣ пешниҳоди сокинони ноҳия гардонида мешавад.
Аз ҷумла бо қарори раиси ноҳия аз 30 августи соли 2022, Нақшаи - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба омодаги ва таҷлили ҷашни 31 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дар ин замина баланд бардоштани ҳисси хештаншиносиву худогоҳии сокинони ноҳия тамоми нерую имконияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷояги бо бахшу идораҳо, аҳли ҷамоатҳои ноҳия корҳои ободонию бунёдкорӣ беҳдошти ҳолати экологию тозагии ҷамоатҳо сафарбар карда шудаанд.