МАҶЛИС ОИД БА БАРРАСИИ БАРНОМАИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Рӯзи 3 майи соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Шарифҷон, раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, муовинон, масъулини кумита, намояндагони вазорату идораҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ маҷлис оид ба баррасии Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025 баргузор гардид. Ҳамчунин дар маҷлис муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо, раисон ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сарварони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, раисони кумитаҳои маҳалла иштирок доштанд. Масъулин оид ба самтҳои соҳаи саноат, кишоварзӣ соҳибкории хурду миёна, манзил ва сохтмон, сайёҳӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, фарҳанг, варзиш, таъминот бо оби ошомиданӣ, манзилию коммуналӣ, таъминот бо барқ, нақлиёт ва роҳ, алоқа ва иттилоот, ҳифзи муҳити зист ва дигар самтҳои барнома суханронӣ намуда, оид ба барномаи зикршуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Мақсади асосии барномаи мазкур ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шуда, тавассути истифодаи самараноки иқтидору захираҳо, ҷорӣ намудани технологияи муосир ва дар ин замина муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ амалӣ карда мешавад.