НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯ
июль 30 2024

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯ

   Рӯзи 27 июни соли 2024 дар Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло чорабинии идона бахшида ба 27-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар оғоз раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло суханронӣ намуда, ҳозирин ва дар шахсияти онҳо тамоми сокинони ноҳияро ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуд. Раиси ноҳия аз ҷумла қайд намуд, ки бо шарофати Ваҳдати миллӣ аз кишваре, ки варо хатари парокандагӣ ва нестӣ таҳдид мекард мо тавонистем кишвари воҳиди дорои иқтидорҳои энергетикию коммуникатсионӣ, иқтисодиёти рӯ ба рушд ва фарҳанги пешрафтаву низоми сиёсии устуворро бунёд гузорем, ки дар ин росто ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ ҳамчун қисми ҷудонопазири ҷумҳурии соҳибистиқлоламон аз ин дастовардҳо бархурдор гардидааст. Таъмини сулҳу субот ва пойдории тинҷиву оромии Тоҷикистони азизи мо натиҷаи ҷонфидоию заҳматҳои бебаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Яъне, таърих ба Тоҷикистони соҳибистиқлол дар лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз Эмомалӣ Раҳмонро ҳадя кард ва ин чеҳраи нуронии сиёсат барои миллати тоҷик ва мардуми тоҷикистонӣ бозёфти нодири таърихӣ маҳсуб гашт. Пешвои муаззами миллат дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро бунёд кард ва низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, ба сокинони кишвар зиндагии шоистаро таъмин намуд. Гуфта шуд, ки бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин санади сарнавиштсоз, арзиши сулҳу суббот ва моҳияти Ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо беш аз пеш дарк ва қадр менамоем, барои пойдору устувор мондани он ҳамеша саъю талош меварзем. Бисту ҳафтуми июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик сабт шудааст. Ҳанӯз баъди дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба имзо расидани созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи шарафманду пурифтихори тоҷик муроҷиатнома қабул намуд, ки дар он аз ҷумла қайд гардидааст: «Ҳодисаи фараҳбахше, ки миллати тоҷик, ҳамаи тоҷикистониён ва дӯстони дуру наздики мо ҳангоми имзои Созишномаи умумӣ аз сар гузаронидаанд, моҳиятан як давраи томи таърихиро дар худ таҷассум менамояд».

 Сипас ба як қатор роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо, ки дар ноҳия саҳми муносиб гузоштаанд, аз тарафи намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ, инчунин ба ғолибони озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», ба ҳар як ғолиб дар ҳаҷми 1000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда шуд. Дар фарҷом барномаи консертии ҳунармандони бахши фарҳанг, ки иборат аз суруду таронаҳои бахшида ба Сулҳу Ваҳдат, Ватан-модар, Тоҷикистон ва тараннуми Ваҳдату якдилӣ буд, хотири иштирокчиёни чорабиниро болида гардониданд.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
15 ноябрь 2023
Асосӣ / Мақомоти иҷроия
ТАҶЛИЛИ 29-УМИН СОЛГАРДИ

ТАҶЛИЛИ 29-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Санаи 2 ноябри соли

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
23 май 2024
Асосӣ / Маориф / Варзиш
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Дар толори Қасри фарҳангии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031