Таҳти ҳамин унвон рӯзи 19 июли соли 2024 дар толори беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 2 Собирзода Искандар, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Мирзоев Рустам, муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва кормандони соҳаи тандурустӣ вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ порокурори ноҳия Собирзода И.М. зимни баромадаш аз ҷумла чунин қайд намуд: “Истиқлоли давлатиро, ки арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик мебошад аз ҳама гуна амалу хатарҳои фоҷеъабор хусусан, терроризм ва экстремизм ҳифз бояд дошт ва ҷиҳати пешгирии ин амалҳои ғайриқонунии гурӯҳҳои ифротӣ, чораҳои амалӣ андешид. Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки зери номи мубораки Ислом анҷом дода мешавад, хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд”. Инчунин дар рафти вохӯрӣ дигар масъулин низ доир ба терроризму экстремизм ва хатари он ба ҷомеа суханронӣ намуда, қайд доштанд, ки имрӯз терроризму экстремизм ба яке аз самтҳои пуртаҳдиду хатарҳои бузург ба амнияту осоиштагии сокинони сайёра ба шумор рафта, қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гушаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагардидаанд. Бояд ҳамагон инро хуб донанд ва дарк кунанд, ки терроризм ва ифротгароӣ хатари марговар буда, ба оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри 21 табдил ёфтааст. Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад. Дар фарҷом прокурори ноҳия Собирзода И.М изҳор дошт, ки аҳли ҷамоатчигиро зарур аст, ки ба масъалаи зикршуда диққати хосса зоҳир намоянд ва ба тақдири ҷавонон бетафовутӣ накарда, барои дар роҳи рост ҳидоят намудани онҳо тамоми чораҳоро биандешанд.