Рӯзи 10 декабри соли ҷорӣ дартолори Мактаби байналмилалии Президентии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба ифтихори 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон намоиши идона бо иштироки фаъолони ҳизб доир гардид.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ дар навбати аввал раиси ҲХДТ дар ноҳия Лола Сулаймонзода суханронӣ намуда, аз оғози рӯзҳои таъсисёбии ҳизб ва фаъолияти босамари роҳбарони ҳизбӣ дар давоми 30 сол ва аъзои фаъоли он ёдовар гардид.
Мавсуф зикр дошт, ки Ҳизби Хақии Демкоратии Тоҷикистон баҳри рушду пешрафти тамоми соҳаҳое, ки барои оромию осудагӣ ва пешравии кишвар муҳиманд, нақши назаррас дорад. Имрӯз аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳизби мардумӣ 30 сол сипарӣ мешавад. 30 соли созандагӣ ва бунёдкориҳо, 30 соли талошҳо баҳри расидан ба зиндагии шоиста таҳти роҳбарии сиёсатмадори аср, Пешвои ҳақиқии миллат, Президенти маҳбуби кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра гардид.
Гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули андешаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Сипас, муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ баромад намуда, аз заҳмату талош ва ҷонфидоии Раиси ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, таъсиси Ҳизби ягонаро, ки ҳадафаш созандагиву бунёдкорист ва бевосита роҳбарии онро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш дорад, дар кишвар амри зарурӣ шумурда, онро ба манфиату халқу ҷомеа қайд намуд.
Дар ин рӯз баҳри фаъолияти босамар, саҳм гузоштан дар корҳои ҳизбӣ ва пешниҳодҳои созанда ба як қатор роҳбарону фаъолон ва ҳамсафони доимии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия дастагули суруду таронаҳои ватандӯстона пешкаш гардонида шуд.