Боварии комил ва эҳсоси қавӣ маро фарогираст, ки тамоми суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷиҳати ташкили зиндагии шоистаи миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон дар Паёми солонаи худ ироа намуданд, дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои зарин ҳаккокӣ мегарданд.
Шахсият ва бузург марде, ки асоси рушди зиндагиро ба маорифу мактабу муаллим тавъамҷойдода, онҳоро наҷот бахши миллат пазируфтааст, аз мардумсолорӣ ва фарҳангсолории хар яки моро њушдор медиҳанд. Барҳақии ин андешаро далел гуфтори худи Пешвои муаззами миллат аст, ки гуфтаанд: "Ман аз рӯзҳои авали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалин дараҷа медиҳам".
Дар ҳолеки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати пешгирифтаи худ маорифро самти аввалиндараҷа дониста, омӯзгорро меҳвари рушд пазируфт аю манзалатумақомионродар мартабаи баланд қарор додааст, мо аҳли маорифро зарур аст, ки ҷавобан ба ин боварӣ ва баҳои баланд боқавииродагию устуворӣ фаъолият намуда, дастурҳои дар Паёми саршударо сармашқи фаъолияти кори худ қарор медиҳем.
Ироа шуд, ки яке аз тадбирҳои муассир дар пешравии давлат мавҷудияти мутахассисони баланд тахассус мебошад. Дар ин рост омусалламаст, ки омода намудани мутахассиси хуб аз кордонии устод маншаъ мегирад. Маншаи асосии фаъолият ва натиҷаи интизоршаванда аз муаллими мактаб рушди салоҳиятҳои замонталаби раванди таълиму тарбияро тақозо менамояд.
Ба ин хотир, омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 – иноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҳидоятҳои маориф парваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳияи қавӣ гирифта, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва рушди донишгирии хонандагон даромода намудани мутахассисони хуб барои насли тарбияомўз аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоянд. Ва ё бо ибораи дигар саъӣ менамоянд, ки дастурҳои Паёми Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамои фаъолияти корӣ ва сармашқи фаъолияти ҳаётии худ қарор диҳанд.