ОМОДАГИИ ҶАВОНОНИ ИХТИЁРӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРӢ
27 феврали соли 2025, дар Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ маросими омодагии ҷавонони ихтиёрӣ ба даъвати баҳорӣ баргузор шуд.
Ин чорабинӣ бо мақсади омода кардани ҷавонони даъватшаванда ба хизмати ҳарбӣ ва таълимоти ронандагӣ, ки дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия таҳсил менамоянд, ташкил гардид.
Дар ин рӯз ҷавонони даъватшаванда, ки аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гирд омада буданд, аз муолиҷаи тиббии вилоятӣ гузаронида шуда, барои даъвати баҳории имсола омода гаштанд.
Дар ҷараёни он, Қурбонзода Қурбоналӣ, муовини раиси ноҳия бо ҷавонон суҳбат намуда, таъкид намуд, ки хизмат ба Ватан барои ҳар як ҷавонмарди соҳибватан ифтихор ва шарафи бузург аст. Мавсуф афзуд, ки Ватан, ки имрӯз соҳиби Истиқлолият ва тинҷу осоишта мебошад, барои ҳар як фарди ватанпараст арзишманд ва муқаддас аст.
Гуфта шуд, ки Ватани азизе, ки дар он зиндагӣ мекунем, бояд бо тамоми мардуми он ва аз ҷумла бо ҷавонон, якҷоя ҳифз ва муҳофизат карда шавад. Қурбонзода Қурбоналӣ изҳор дошт, ки маҳз дар ҳамин маконҳо ҷавонон шуҷоат ва мардонагиро омӯхта, аҳамияти бузурге ки ҳар як ҷавон бояд ба он масъулият ҳис кунад, шиносоии амиқ пайдо мекунанд.
Ҷавонон дар марҳилаҳои гуногуни омодагӣ дар Комиссарияти ҳарбӣ ва Ташкилоти мададгори мудофиаҳои Тоҷикистон бо ғамхорӣ ва кумакҳои соҳавӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳаҳои тиббӣ ва таълимӣ омода мешаванд, то дар давраи даъват барои хизмати ҳарбӣ дар вазъияти беҳтарин қарор гиранд.