БОЗДИДИ МУОВИНИ РАИСИ НОҲИЯ АЗ КИТОБХОНАИ МАРКАЗӢ
Имрӯз, 27 феврали соли 2025, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба соҳаи иҷтимоӣ Шукурзода Шаҳло аз Китобхонаи марказии ноҳия дидан намуда, бо кормандони он суҳбат орост.
Шукурзода Шаҳло дар ҷараёни боздид бо муҳтаво ва шароити китобхона ошноӣ пайдо карда, ба аҳамияти китобхонӣ барои рушди маърифат ва фарҳанги ҷомеа таъкид намуд. Муовини раиси ноҳия дар суҳбат бо кормандони китобхона изҳор дошт, ки китоб як манбаи муҳими маълумот барои ҳар як шахс аст. Вай нақши китобхонаҳоро дар таълим ва тарбияи ҷавонон, инчунин дар баланд бардоштани маърифат ва ахлоқи ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд.
Ӯ дар суҳбат ба масъулини Китобхона пешниҳод намуд, ки барои густариши фарҳанги китобхонӣ дар ҷомеа бояд чораҳои бештар андешида шавад, ки ба таҳкими муҳити маърифатӣ ва ба кори китобхонаҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Дар вохӯрӣ, Шукурзода Шаҳло ҳамчунин ба кормандони китобхона тавсия дод, ки бояд китобхонаҳо ҳамчун маркази маърифат ва таҳсилоти иловагӣ истифода шуда, имкониятҳои муҳими ба даст овардани маълумот ва рушди дониш барои ҳар як шахс фароҳам оранд.
Шукурзода Шаҳло аз фаъолият ва саҳми кормандони китобхона, инчунин шахсони алоҳида, ки барои баланд бардоштани маърифат ва рушди фарҳанги китобхонӣ кӯшиш мекунанд, изҳори қаноатмандӣ намуд.