ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН ДАР ГИМНАЗИЯИ ДАВЛАТИИ №1 БО ШУКӮҲ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
9 апрел, дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон", дар Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии фарҳангии бошукӯҳ баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати китобдӯстӣ ва тарғиби фарҳанги мутолиа дар байни кӯдакону наврасон таҳти унвони "Китоб - беҳтарин дӯсти мо" роҳандозӣ шуд.
Дар ин ҳамоиш намояндагони Китобхонаи марказии ноҳия ва Китобхонаи бачагона фаъолона иштирок намуданд. Ба ифтихори ин ҳафта намоиши махсуси китобҳо таҳти унвонҳои "Марҳабо, фестивали китоб" ва "Ҳафтаи адабиёти кӯдакон ва наврасон" баргузор гардида, даҳҳо асари адабӣ, китобҳои афсонаву достонҳои кӯдакона ва таълифоти муаллифони маъруфи тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Чорабинӣ бо суханрониҳо ва баромадҳои тарбиявӣ ғанӣ гардонида шуд, ки дар онҳо аҳамияти китоб ва нақши он дар тарбияи шахсияти кӯдак мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокчиён - хонандагон, омӯзгорон ва меҳмонон таъкид доштанд, ки китоб на танҳо воситаи донишомӯзӣ, балки як дӯсти беғараз ва мураббии беҳамто барои ҳар фарди ҷомеа мебошад. Қисмати ҷолиби барнома суҳбат дар мавзуи "Биё, бо ҳам бихонем" буд, ки бо иштироки фаъоли хонандагон баргузор гардид.
Ин бахш ба муносибати эълон шудани соли 2025 ҳамчун "Соли фарҳанги китобхонӣ" дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Хонандагон таассуроти худро аз китобҳои дӯстдоштаашон баён намуда, дар бораи нақши мутолиа дар ҳаёти шахсӣ ва омӯзиш изҳори назар карданд. Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо тарғиби мутолиа, афзоиши ҳисси зебоӣ, баланд бардоштани маърифати хонандагон ва ташаккули шахсияти фарҳангӣ дар миёни насли наврас арзёбӣ мешавад.