РӮЗИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ: МУТОЛИА ВА МУҲОКИМАИ ОСОР ДАР ФАЗОИ МАЪРИФАТ
Имрӯз, 15 апрели соли 2025, бахшида ба Рӯзи устод Садриддин Айнӣ - бунёдгузори адабиёти навини тоҷик, шахсияти барҷастаи илму адаб ва Қаҳрамони Тоҷикистон, дар Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии маърифатӣ - фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ кормандон ва хонандагони фаъоли китобхона иштирок намуданд.
Ҳадафи баргузории чунин чорабиниҳо арҷгузорӣ ба шахсият ва мероси илмиву адабии устод Айнӣ, тарғиби маърифати китобхонӣ ва бедор кардани эҳсоси ифтихор аз фарҳанги миллист. Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиён доир ба ҳаёт ва фаъолияти илмӣ ва адабии Садриддин Айнӣ маълумоти муфассал гирифтанд.
Ҳамчунин, китобҳои навиштаи устод ва таҳқиқоте, ки перомуни осори ӯ анҷом ёфтаанд, ба намоиш гузошта шуданд. Бахши мутолиаи дастаҷамъӣ бо хонандагон дар фазои гарму самимӣ сурат гирифт, ки дар он порчаҳое аз осори Айнӣ хонда ва муҳокима шуданд. Чорабинӣ бо суханони арзишманд дар васфи устод ва бо нияти идома бахшидани чунин иқдомҳои маърифатӣ ба анҷом расид.