НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ДАР ДОИРАИ УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА": МУЛОҚОТИ МАСЪУЛИН БО СОКИНОНИ МАҲАЛ
июнь 18 2025

ДАР ДОИРАИ УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА": МУЛОҚОТИ МАСЪУЛИН БО СОКИНОНИ МАҲАЛ

                      ДАР ДОИРАИ УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА": МУЛОҚОТИ МАСЪУЛИН БО СОКИНОНИ МАҲАЛ

   28 майи соли 2025, дар доираи амалӣ намудани усули самараноки кор бо аҳолӣ таҳти унвони “Деҳа ба деҳа”, дар деҳаи Даштободи Ҷамоати шаҳраки Гулистон ва деҳаи Калинини Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии таблиғотӣ бо сокинони маҳаллӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовинони раисони ҷамоат ва дигар масъулин иштирок намуданд.

Мақсади асосии баргузории ин вохӯриҳо - баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, дар самти ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии паҳншавии унсурҳои фарҳанги бегона, мубориза бо падидаҳои ифротгароӣ ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ мебошад. Масъулин дар баромадҳои худ ба масъалаи риояи фарҳанги миллии тоҷикон дар либоспӯшӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки солҳои охир таъсири фарҳангҳои бегона, бахусус дар миёни насли ҷавон ба мушоҳида мерасад.

 Дар ин замина, тарғиби либоси миллӣ ҳамчун яке аз омилҳои ҳифзи ҳувияти миллӣ муҳим арзёбӣ карда шуд. Ҳамзамон, дар ҷараёни вохӯриҳо масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Қайд гардид, ки бедории сиёсӣ ва ахлоқии ҷавонон, боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва динии онҳо, инчунин иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа метавонад нақши муҳим дар ҳифзи субот ва амният дошта бошад.

Зимни баромадҳо, масъулин инчунин ба масъалаи истифодаи оқилона ва сарфакоронаи неруи барқ дахл намуда, сокинонро ба сарфаи неруи барқ, пардохти саривақтии ҳаққи истифода ва ҳифзи дастгоҳҳои барқӣ даъват карданд. Сокинони деҳаҳо бо хушнудӣ аз ташкили чунин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуда, онро як иқдоми судманд дар ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа арзёбӣ карданд.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 18 июнь 2025 14:56
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 39
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30