УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА" - ГӮШИ ШУНАВОИ МАРДУМ ДАР МАҲАЛ
26 майи соли 2025 дар доираи татбиқи ташаббусҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон ва таҳкими робитаи бевоситаи масъулон бо аҳолӣ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и Ҷамоати деҳоти Навобод ва маҳаллаи Зартеппаи Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳия чорабинии навбатии усули «Деҳа ба деҳа» баргузор гардид.
Дар ин рӯз муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ, масъулини ҷамоатҳои деҳот, намояндагони бахшҳои гуногуни мақомоти маҳаллӣ ва сокинони маҳаллҳо иштирок намуданд. Ҳадафи баргузории ин чорабинӣ, пеш аз ҳама, омӯхтани мушкилоти мавҷудаи сокинон дар маҳалҳо, шунидани дарду арзи онҳо ва дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор мебошад.
Зимни вохӯрӣ сокинон масъалаҳои марбут ба таъмиру ободонии роҳҳо, дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, дастгирии табақаҳои ниёзманд, таъминоти мактабҳо бо таҷҳизоти зарурӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯзмарраро ба миён гузоштанд. Муовини раиси ноҳия ва дигар масъулин ҳар як масъалаи пешниҳодшударо шунида, барои ҳалли саривақтии онҳо супоришҳои мушаххас доданд.
Вохӯриҳои мазкур дар фазои самимият ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ба ташаккули робитаи боз ҳам мустаҳкамтар байни ҳокимият ва мардум мусоидат намуд. Ин иқдом дар доираи сиёсати мардумсолорӣ ва таҳкими ҳокимияти маҳаллӣ, ки аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат дастгирӣ меёбад, амалӣ шуда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома хоҳад ёфт.