ҶАШНИ КӮДАКОН - ИЗҲОРИ МЕҲРУ ДИҚҚАТ БА ОЯНДАИ МИЛЛАТ
Ҳамасола рӯзи 1-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад. Дар ин росто, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба аҳамияти ин сана таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва дар тамоми шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои идона, фарҳангӣ ва маърифатӣ роҳандозӣ мешаванд.
Бо ҳамин мақсад, 31 майи соли 2025 дар Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхии ноҳия чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Ин ҳамоиш бо иштироки муовинони раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ ва Шукурзода Шаҳло, роҳбарону намояндагони муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ, кормандони сохторҳои гуногун ва волидону кӯдакон сурат гирифт.
Дар оғози чорабинӣ меҳмонон бо намоиши маҳсулоти ҳунарии тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии ноҳия шинос шуданд. Ин намоишгоҳ гувоҳи равшани завқи баланди зебоипарастӣ ва қобилияти эҷодии кӯдакон буд, ки бо дастгирии мураббияҳои соҳибтаҷриба ва омӯзгорони фаъол рӯйи кор омадаанд.
Муовинони раиси ноҳия зимни суханрониҳои худ, аз номи раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло ҳозирин ва махсусан кӯдаконро ба ин рӯз табрик намуда, таъкид доштанд, ки кӯдакону наврасон ояндасозони миллату давлат мебошанд ва беҳтарин сармоягузорӣ, таваҷҷуҳи пайваста ба таълиму тарбия ва рушду камоли онҳо мебошад.
Онҳо ба кулли иштирокчиён орзуи тансиҳатӣ, хушбахтӣ ва муваффақиятҳои пайваста иброз доштанд. Ҳамчунин, дар ҷараёни чорабинӣ ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ - китоб аст” бо Ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ин иқдом ҷиҳати тарғиби китобу китобхонӣ миёни наврасон ва таҳкими маънавиёти онҳо равона гардидааст. Илова бар ин, як гурӯҳ аз омӯзгорон ва мураббияҳои фаъол, ки дар самти тарбияи кӯдакону наврасон саҳми арзанда доранд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шуданд.
Кӯдакони муассисаҳои томактабӣ низ бо бозичаҳои идона ва китоби "Аз боғча ба мактаб"-и адиби ҷавон Кароматулло Садиров шод гардонида шуданд. Дар интиҳои ҳамоиш, барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби шогирдони мактаби санъати бачагона ва муассисаҳои томактабии ноҳия манзур гардид, ки бо суруду рақсҳои шавқовар фазои идонаро боз ҳам шукӯҳмандтар намуд.
Бархурди самимии масъулин бо кӯдакон ва қадрдонии заҳмати омӯзгорон дар чунин рӯзҳо на танҳо ҷанбаи рамзӣ доранд, балки рӯҳбаландии ҷомеаро нисбат ба насли наврас тақвият мебахшанд. Ин рӯз барои ҳар як кӯдак бояд рӯзи муҳаббат, таваҷҷуҳ ва умед ба ояндаи дурахшон бошад ва чорабинии мазкур маҳз ҳамин паёмро бо тамоми маънои худ ироа кард.