ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР: МАРКАЗИ ТАШХИСӢ ВА ТАБОБАТИИ "РУСТАМ" ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ
Дар замони муосир, ки рушди соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар маҳсуб меёбад, таъсис ва фаъолияти муассисаҳои тиббӣ дар сатҳи маҳаллӣ аҳамияти хосса пайдо мекунад. Маркази ташхисӣ ва табобатии “Рустам”, ки дар Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ фаъолият дорад, намунаи равшани чунин иқдом аст, ки баҳри беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар минтақаҳои дурдаст мусоидат мекунад.
Маркази мазкур дар бинои сеошёна ҷойгир буда, бо тамоми шароити зарурии тиббӣ ва маишӣ таъмин мебошад. Тавре, ки сардухтури муассиса Сайвалӣ Асоев иттилоъ дод, марказ дорои 9 утоқи хоб, ҳаммом, ҳоҷатхона, ошхона, низоми муосири гармидиҳӣ ва хунуккунакҳои техникӣ мебошад, ки барои қабули якбора 30 бемор пешбинӣ шудааст. Мавҷудияти чунин инфрасохтор барои беморон имкон медиҳад, ки дар шароити орому мусоид тибқи муоинаи духтурон табобати муназзаму мунтазам гиранд. Яке аз бартариҳои марказ дар он аст, ки дорои таҳлилгоҳи замонавӣ мебошад, ки дар он беш аз 33 навъи ташхис гузаронида мешавад.
Аз ҷумла, дар утоқҳои махсус дастгоҳҳои ташхиси ултрасадо (УЗИ) барои мардон ва занон, электрокардиограмма (ЭКГ), электроэнсефалограмма (ЭЭГ) ва ташхиси амрози даруна фаъолият доранд. Ғайр аз ин, дар Маркази ташхисӣ ва табобатии “Рустам” шаклҳои гуногуни муолиҷаи анъанавӣ ва муосир мавҷуданд, ки имрӯз дар ҷаҳони тиб ба таври васеъ истифода мешаванд. Аз ҷумла, хизматрасониҳо дар самти маҳсдармонӣ, лойдармонӣ, светдармонӣ (нурдармонӣ) ва ҳиҷома аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба анҷом дода мешаванд. Барои осонии корафтодагон ва беморон, дар назди марказ дорухонаи шабонарӯзӣ фаъолият мекунад. Илова бар ин, утоқи навбатдорӣ низ амал мекунад, ки табибон дар тамоми шабонарӯз омодаи қабули беморон мебошанд.
Дар марказ 8 нафар табибони соҳибтаҷриба, 10 ҳамшираи шафқат ва 8 корманди техникӣ фаъолият доранд, ки дар умум як дастаи касбии тиббиро ташкил медиҳанд. Беморон ва муроҷиаткунандагони марказ аз сатҳи хизматрасонӣ изҳори қаноатмандӣ мекунанд. Авазова Фотима ва Фозилова Шамъигул, ки мо бо онҳо суҳбат оростем, чунин иброз намуданд: «Бо пайдо шудани ин марказ корамон хеле осон шудааст. Қаблан маҷбур будем, ки барои ташхис ё табобат ба маркази ноҳия равем, айни ҳол ҳамаи ин хизматҳо дар деҳа дастрасанд».
Ин марказ на танҳо барои аҳолии Ҷамоати Золи Зар, балки барои тамоми сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ як иқдоми муҳими иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Фаъолияти босифати духтурон, таҷҳизоти муосир ва дастрасии осон ба хизматрасонии тиббӣ нишон медиҳад, ки рушди соҳаи тандурустӣ дар минтақа самтҳои устувори худро дарёфтааст. Маркази ташхисӣ ва табобатии “Рустам” намунаи ибратбахшест аз он, ки чӣ гуна бо дастгирии давлат ва иқдоми шахсӣ метавон шароити зиндагии мардумро беҳтар кард, ба саломатии ҷомеа саҳми арзанда гузошт ва фосила миёни шаҳр ва деҳотро дар бахши тандурустӣ кам намуд.