МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАЗИФАИ ҲАР ФАРДИ ҶОМЕА
Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Терроризм ва экстремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳвари ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад.
Имрӯз масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои асосии хусусияти ҷаҳонидошта пайдо кардааст. Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ, ҷинояти дорои хусусияти ҷаҳонӣ буда, мубориза зидди он ҳамкории пайвастаи доимӣ ва мутақобилаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқук ва сохторҳои қудратӣ мебошад.
Ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байни давлатӣ, миллат ва дин муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад.
Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ, ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст. Имрӯз халқ шоҳиди он гардидааст, ки чӣ гуна терроризми байналмилалӣ амалиёти таҷовузкоронаи худро таҳти ливои сиёсии моҷароҷӯӣ ва таассуби динӣ амалӣ мегардонад.
Тоҷикистон низ нуқтаи назари онро, ки мубориза бар зидди терроризм, яке аз масъалаҳои муҳимтарин аст ва инсоният дучори он гардидааст, дар пешгирии ин масъалаҳо худро масъул медонад. Терроризм дар тамоми шаклҳо ва зоҳироташ маҳкум карда шуда, зарурати мутобиқати амали ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин золимӣ дар сатҳи глобалб ва минтақавӣ баромад менамояд.
Экстремизм ин коста гардидани фикру ақида, ҷалб намудан ба ҳар ҳаракатҳо, барангехтани кинаву адоват дар ҷомеа ва бо ин роҳ расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ мебошад. Терроризм ва экстремизм ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад. Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди худ ва ҷаҳон ташкил додани низоми ягона ва муосири мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро вазифаи афзалиятноки худ мешуморад. Мубориза бо терроризм ва экстремизм ин фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар рӯ ба рӯи ин хатари байналмилалӣ тақозо менамояд. Ҳамин тариқ, мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, вазифаи худро дар ин соҳа тавассути мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ менамояд. Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи давлат, инчунин вазифаи ҳар шахси ватандӯст мебошад. Умеда БОБОҶОНОВА, ҷонишини таълимӣ - омӯзгори таърих ва ҳуқуқи МТМУ №5-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ