НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ДАР МИЁНИ МАРГ ВА ҲАЁТ - ЛАҲЗАҲОИ САРНАВИШТСОЗ ДАР УТОҚИ ҶАРРОҲӢ
июль 17 2025

ДАР МИЁНИ МАРГ ВА ҲАЁТ - ЛАҲЗАҲОИ САРНАВИШТСОЗ ДАР УТОҚИ ҶАРРОҲӢ

                            ДАР МИЁНИ МАРГ ВА ҲАЁТ - ЛАҲЗАҲОИ САРНАВИШТСОЗ ДАР УТОҚИ ҶАРРОҲӢ

         Ҷарроҳе, ки қаҳрамони имрӯзаи нигоштаҳои мост, на танҳо ҷони инсонҳоро аз вартаи марг наҷот медиҳад ва танҳо як табиб нест, балки  ӯ як наҷотбахшест умедбахш ба зиндагию ҳаёти эҳтиёҷмандон. Суҳбати мо бо Боллиев Абдусаттор Абдуллоевич -табиби ҷарроҳи Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сурат гирифт, ки ин ҳақиқатро бори дигар собит кард.

Абдусаттор Боллиев дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Аз овони мактабхонӣ дили ӯ ба касби табибӣ майл пайдо кард. Ҳанӯз донишомӯзи синфҳои миёна буд, ки нияту орзуи табиб шуданро дар қалбаш эҳсос мекард. Ин марому мақсадашро пайгирона дунбол кард ва пас аз хатми мактаб бо мақсади амалӣ гардидани ин орзуҳои ҷавонӣ ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино супорида, сазовори номи баланди донишҷӯ гардид.

 Солҳои таҳсил дар донишгоҳ бо азму ғайрати баланд сипарӣ  шуда, Боллиев ин даргоҳи ифтихормандро бо муваффақият хатм намуда, ба зодгоҳ баргашт. Фаъолияти меҳварии ӯ дар беморхонаи Марказии ноҳия аз соли 1999 оғоз гардида, то имрӯз бо садоқат ва масъулияти баланд ба мардуми диёраш хизмат мекунад. Абдусаттор Боллиев на танҳо дар касб муваффақ аст, балки дар зиндагии шахсӣ низ намунаи ибрати дигарон мебошад.

Ӯ соҳиби оилаи бузургест - соҳиби шаш фарзанд, чаҳор писар ва ду духтар. Се нафар аз фарзандонаш касби падарро интихоб кардаанд ва яке аз писаронаш имрӯз дар баробари ӯ дар беморхонаи марказии ноҳия фаъолият дорад. Ин як нишонаи равшани он аст, ки насли ӯ низ роҳи пуршарафи наҷоти инсонҳоро идома медиҳад. Мавсуф барои беҳтар намудани донишу малакааш борҳо дар дохил ва хориҷи кишвар таҷриба омӯхтааст. Соли 2013 дар шаҳри Санкт-Петербург дар курси такмили ихтисос оид ба эндовидеохирургия таҳсил намуд.

 Инчунин соли 2017 дар як омӯзиши байналмилалӣ, ки бо ташаббуси мутахассисони Олмон дар ноҳияи Данғара баргузор шуд, усули ҷарроҳии «Лихтейнштейн»-ро аз худ кард. Ба гуфтаи ҳамкоронаш Абдусаттор Боллиев табибест, ки дар фаъолияти худ ба навовариҳо, усулҳои муосир ва таҳқиқи таҷрибаҳои пешрафта таваҷҷуҳи ҷиддӣ дорад. Дар тӯли фаъолияти худ ӯ ба даҳҳо ҷарроҳии мураккаб даст задааст, ки бо меҳанпарастӣ, инсондӯстӣ ва масъулияти баланд анҷом дода шудаанд. Ӯ бо эҳсосоти махсус ҳикоят мекунад: «Вақте, ки донишҷӯ будам, дар ҷараёни дарсҳо мавзӯи "Дил дар каф"-ро омӯхтем. Он лаҳза ман аз худ пурсидам: "Оё ман низ рӯзе метавонам чунин амалиёт анҷом диҳам?, солҳо пас ҷавоби ин саволро дар амал гирифтам». Абдусаттор Боллиев ёдовар мешавад, ки рӯзе шабона дар хона будам, ки телефон садо дод: духтурони навбатдор хабар доданд, ки зани маҷрӯҳро бо зарбаи корд дар дил ба беморхона овардаанд. Вазъи бемор ниҳоят вазнин буд. «Ман зуд ба беморхона шитофтам.

Беморро аллакай ба ҷарроҳӣ омода намуда буданд. Ҳангоми кушодани қафаси сина дидем, ки дили бемор аз ду ҷой сурох шудааст ва аллакай тапиданро низ бас мекард. Он лаҳза бо ҳамкоронам зуд ба масҳи дил оғоз кардем, хушбахтона дили бемор дубора ба кор даромад. Ин амали аввалини ман дар дил буд, ки то ҳол мисли лаҳзаи сарнавишт дар ёдам боқӣ мондааст», - гуфт Абдусаттор Болиев.

Хулоса, қиссаи Абдусаттор Боллиев танҳо як таърихи як табиб нест. Ин қиссаи як инсонест, ки умри худро барои наҷоти дигарон бахшидааст. Меҳнату садоқати ӯ, илми устувор ва иродаи қавияш барои насли нав метавонад дарси ибрат бошад. Мо ба чунин табибон эҳтиёҷ дорем - касоне, ки на фақат бо дастон, балки бо дилу нияти пок ҷарроҳӣ мекунанд.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 17 июль 2025 14:35
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 13
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ ! Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июль 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031