НИЗОМИ БАҲОГУЗОРИИ 10 ХОЛА - ТАҚОЗОИ ЗАМОН
Бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи кишвар ба марҳилаи нав ворид гардид. Барои фаро гирифтани донишҳои замонавӣ шароити мусоиди таҳсилу омӯзиш фароҳам оварда шуд. Ҳадафи ислоҳот иборат аз он аст, ки хонандагон донишҳои муосирро аз худ намоянд. Мусаллам аст, ки ҷараёни ислоҳоти низоми таҳсилот дар кишварамон, ҷорӣ намудани баҳогузории 10 хола бо мутобиқ сохтани дониши хонандагон бо меъёрҳои байналмилалӣ аст. Зеро тақозои замон аст, ки имрӯз хонандагон бояд илмҳои муосирро аз худ намоянд. Ин низом имкон медиҳад, ки дониш малака ва маҳорати хонандагон бо дақиқии бештар арзёбӣ шавад. Яъне, хонандагон мавқеи худро аз ҷиҳати дарк, малака ва дониш бо ин низом муайян карда метавонанд. Омӯзгорони муассисаҳои таълимиро лозим аст, ки меъёри баҳогузории 10 холаро дар раванди таълим истифода намоянд. Дар дафтари синфӣ баҳои хонандагон дар шакли рақамаӣ (1,2,3,4,5,6,7,8,9,10) гузошта мешавад. Дар рӯзнома ва дафтарҳои кории хонандагон бошад, ба таври зерин: 10 (аъло), 9 (олӣ), 8 (хубтар), 7 (хуб), 6 (қаноатбахш), 5 (кофӣ), 4 (кам), 3 (нокифоя), 2 (паст), 1 (пасттар) гузошта мешавад. Баҳогузорӣ ба рафтору ахлоқи хонандагон ба таври зайл гузошта мешавад: намунавӣ, хуб, қаноатбахш ва ғайриқаноатбахш. Дар баҳогузорӣ одобу ахлоқ, эҳтиром ва иштирок ба корҳои ҷамъиятӣ ба эътибор гирифта мешавад. Саволномаи тестӣ дар се шакл пўшида 1 хол, кушода 2 хол ва мувофиқат 4 хол гузошта мешавад. Ҳамин тавр, гузаштан ба низоми баҳогузории 10 хола дар соҳаи рушди маориф ва таълим қадами устувор ба ҳисоб рафта, аз ҳар як омӯзгор маҳорати баланди касбиро талаб мекунад. Маҳмадалӣ ҶАББОРОВ, сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ